Худои Субҳон дар ояти дувоздаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
وَأَطِيعُواْ اللَّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ فَإِن تَوَلَّيْتُمْ فَإِنَّمَا عَلَى رَسُولِنَا الْبَلاَغُ الْمُبِينُ
Аз Худованд итоат кунед ва аз Расули Худо итоат намоед! Пас агар рӯй гардонед, (бидонед, ки) ҳамоно бар Расули мо ҷуз паёмрасонии ошкор (масъулияте) нест.
Бидонем
Дар ин оят итоат ду бор такрор шудааст: 1) аз Худо итоат кунед ва 2) аз Расули Худо (а) итоат кунед, зеро байни ин ду итоат фарқ аст, итоат аз худованд дар фармонҳои собит аст ва итоат аз расул, дар умуре аст, ки ба унвони ҳоким исломи содир микунд.
паёмбар маъсум аст, чун фармон ба итоат беқайд ва шарт аз ғайр маъсум, дар ҳақиқат фармон ба анҷом гуноҳ аст.
Биёмӯзем
1. Вазифаи моро Худо баён кардааст. Пас саъй кунем онро бидонем ва ба он амал кунем.
2. Итоат аз Худо ва итоат аз Расули Худо (с) маъруф аст. Пас маъруфҳоро бишиносем ва ба он амр ва амал кунем.
3. Итоат аз Худо бояд бо итоат аз раҳбари осмонӣ бошад, вагарна фурсатталабон ва судҷӯёни мунҳариф қонуни Худоро тибқи майл ва фаҳми худ баён ва амал мекунанд.
4. Расули Худо (с) аввалин итоаткунанда ва амалкунандаи амри Худост ва гуфтаҳои Худоро баён ва амал мекунад то дигарон ёд бигиранд, ки Худо чӣ чизе хоста ва чигуна бояд амал кард.
5. Итоати Худо Қуръон ва итоати Расули Худо (с) суннат аст. Пас бояд зиндагии бандаи Худо бар асоси Қуръон ва суннат бошад. Бояд донист, ки имрӯз гуруҳе бо фаҳми ноқис ва нодурусти худ Қуръон ва суннатро барои дигарон баён мекунанд, ки аз Исломи ҳақиқӣ фосила дорад.
6. Инсон озод офарида шудааст. Ӯ метавонад аз Худо ва Расули Худо (с) итоат кунад ва вазифааш ҳам ҳамин аст ҳам метавонад сарпечӣ кунад, ки дар ин сурат худро аз саодати ҷовидонӣ маҳрум мекунад.
7. Мубаллиғ набояд интизор дошта бошад, ки ҳамаи мардум ҳақро бипазиранд ва аз он пайравӣ кунанд.
8. Вазифаи Расули Худо (с) ва мубаллиғи дин расондани расои паёми Худост. Касе маҷбур нест ва худи мардум бояд интихоб ва ихтиёр кунанд.
9. Баъзе сарпечӣ мекунанд, аммо паёмбар фиристодаи Худост ва вазифа дорад паёми ӯро расо ва ошкор ба мардум бирасонад ва ҳуҷҷатро барои онҳо тамом кунад ва дар ин роҳ Худо аз ӯ ҳимоят мекунад.
10. Паёмбар дунболи амал ба дастури Худо ва касби ризои ӯст на хостаи дигарон.
11. Набояд рӯйгардонии мардум сабаби дилсардӣ ё нигаронӣ мубаллиғ шавад.
12. Таблиғи дин бояд расо ва ошкор ва равшан бошад. Шаётини инсу ҷин ҳамеша ба фикри маҳдуд ва маҳрум кардани мубаллиғон ва бандагони Худо ҳастанд.Бино бар ин бояд фазои муносиб ба вуҷуд оварда шавад ва мубаллиғон тавони ин корро дошта бошанд.
13. Он чӣ вазифаи Худо ва Расули Худо (с) буд, ки динро расо ва ошкор ба мардум бирасонанд анҷом шудааст ва ин шумо ҳастед, ки бояд ба вазифаатон амал кунед ва бо итоат аз Худо ва Расули Худо (с) саодатманд шавед.
14. Ҳуҷҷат тамом шудааст. Ба ҷои гурез аз масъулият ва баҳона овардан ба вазифаи худ амал кунем.
Худоё, моро дар итоати худ ва Расули худат ва баҳрамандӣ аз бароғи мубин ва саодати ҷовидонӣ муваффақ бидор!