Худои Субҳон дар ояти ёздаҳуми сураи Тағобун мефармояд:
مَآ أَصَابَ مِن مُّصِيبَةٍ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ وَ مَن يُؤْمِن بِاللَّهِ يَهْدِ قَلْبَهُ وَاللَّهُ بِكُل شَىْءٍ عَلِيمٌ
Ҳеҷ мусибате ҷуз бо иҷозати Худованд ба касе нарасад. Ва ҳар кас ба Худованд имон орад Худованд қалби ӯро ҳидоят кунад ва Худованд ба ҳама чиз огоҳ аст.
Бидонем
Мӯъмин ба илму ҳикмат ва раҳмати Худованд имон дорад, аз ин рӯ медонад, ки бе далелу ҳикмат ва адолат, ба касе мусибате намерасад ва мусибат ё натиҷаи амал ё асбоби озмоиш барои рушду камоли инсон аст.
Биёмӯзем
1. Ҳеҷ мусибате бе иҷозати Худо ба касе намерасад. Пас ҳамаи ҳастӣ дар ихтиёри ӯст ва ҳеҷ кас худро дар амон надонад. Мӯъмин дар роҳи ризои Худо ва амал ба дастури Худо аз чизе воҳима надорад, чун бандаи касе аст, ки ҳамаи ҳастӣ дар ихтиёри ӯст ва бе иҷозати ӯ ҳеҷ иттифоқе намеафтад ва ӯ олим ва одилу ҳаким аст.
2. Ҳидоят шароит дорад ва муҳимтарин шарт имон ба Худост.
3. Худо мӯъминро роҳнамоӣ мекунад.
4. Қалбу роҳи мӯъмин равшан аст.
5. Ба касе имон биёрем ва бандаи касе бошем, ки аз ҳама чиз огоҳ аст.
6. Имони воқеӣ ва ҳақиқӣ дошта бошем, чун ӯ ҳама чизро медонад. Дар ғайри ин сурат фақат худро фиреб додаем.