Худои Субҳон дар ояти ҳаштуми сураи Тағобун мефармояд:
فَآمِنُواْ بِاللَّهِ وَ رَسُولِهِ وَ النُّورِ الَّذِى أَنزَلْنَا وَ اللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيرٌ
Пас ба Худо ва Расули Худо ва нуре, ки нозил кардем, имон оваред ва (бидонед, ки) Худованд ба он чӣ амал ме‏кунед огоҳ аст.
Бидонем
"Нур" дар ин оят Қуръони Карим аст, чунонки дар оғози сураи Иброҳим ме‏хонем: Китобе ба сӯи ту фиристодем, ки мардумро аз торикиҳои (ширку ҷаҳл ва тафриқа) берун ва ба нур (тавҳиду маърифату ваҳдат) ҳидоят кунӣ.
Дар оёти гузашта сухан аз куфр ва имон нёвардан ба Худо, Расул ва маод буд, ки уммат‏ҳои пешинро гирифтори азоб кард. Ин оят ме‏фармояд: Пас шумо роҳ бадбахтии ононро наравед, балки имон оваред то аҳли саодат шавед.
Биёмӯзем
1. Худованд вазифаи бандагонро муайян карда роҳу чоҳро нишон додааст.
2. Вазифаи мо имон овардан ба Худо, Расули Худо ва китоби нуронии Худо аст. Пас вазифаи худро бишиносем ва ба он амал кунем. Ба ҷои баҳона ва узр овардан имон оварем.
3. Худованд нури осомонҳо ва замин аст (Нур/42) ва он чӣ аз сӯи ӯ нозил мешавад нур аст.
4. Имон бояд бо амал бошад.
5. Худои Субҳон аз ҷузъиёти амалҳои бандагон огоҳ аст. Пас дар эъломи имон ва бандагии Худо содиқона амал кунем то аз баракатҳои он дар дунё ва охират баҳраманд шавем!
6. Фақат Худо ва он чӣ ба дастури ӯ ва аз тарафи ӯ ҳаст шоистагии итоат ва пайравӣ дорад. Худо, китоби Худо, Расули Худо(с)
7. Амале сабаби ҳидоят ва саодат, ки дар чорчуби фармудаи Расули Худо (с) –суннату рисолат- ва китоби Худо – шариат- бошад.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст