Худои Субҳон дар ояти ҳафтуми сураи Тағобун мефармояд:
زَعَمَ الَّذِينَ كَفَرُواْ أَن لَّن يُبْعَثُواْ قُلْ بَلَى وَرَبِّى لَتُبْعَثُنَّ ثُمَّ لَتُنَبَّؤُنَّ بِمَا عَمِلْتُمْ وَذَلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسِيرٌ
Касоне, ки кофир шуданд, гумон карданд, ки ҳаргиз дубора зинда нахоҳанд шуд. Бигӯ: Ин гуна нест, балки ба Парвардигорам савганд, ки ҳамаи шумо дубора зинда хоҳед шуд. Сипас ба он чӣ амал кардаед, қатъан хабар дода хоҳед шуд. Ва ин бар Худованд осон аст.
Бидонем
«Заъм» ба гумоне гуфта мешавад, ки бе далелу асос бошад ва ҳамеша дар Қуръон танқид шудааст.
Дар ояти дувуми ин сура гурӯҳе Худоро мункир шуданд. Дар ояти шашум нубувватро мункир шуданд. Дар ин оят (ҳафтум) қиёматро мункир мешаванд.
Зинда кардани мурдагон ва огоҳ кардани мардум аз корҳояшон бар Худованд осон аст, чун ӯ малик, холиқи инсону осмонҳову замин, беҳтарин суратбахш, донои он чӣ дар осмонҳову замин ва амалҳои ошкору ниҳони инсонҳо ва он чӣ дар синаҳо аст, мебошад. (1-6 сураи Тағобун) Ӯ Худоест, ки офаринишро оғоз кард. Сипас онро бармегардонад ва ин кор бар ӯ осонтар аст. (Рум/27) Ҳамон гуна ки аввал шуморо офарид, дубора бармегардед. (Аъроф/29)
Биёмӯзем
1. Кофирон дар бораи инкори қиёмат далел надоранд ва бо хаёлу пиндор сухан мегӯянд. Пас кор ва роҳашон хато аст ва шумо эҳтиёт кунед, ки фиреб нахӯред.
2. Инкори қиёмат нишонаи кофирон аст.
3. Кофирон маҳкам шиор медиҳанд. (Ҳаргиз дубора зинда намешавем.) Мӯъминон бояд ҳушёр бошанд, ки фиреби ин шиорҳоро нахӯранд.
4. Дар таълим ва тарбият лозим аст, ки суханони дигарон гуфта ва сипас посух дода шавад. Вазифаи олимони илоҳӣ аст, ки таблиғоти душманони ҳақро бидонанд, бигӯянд ва ҷавоб диҳанд то мардум бо хатари таблиғоти душман ошно шаванд ва роҳи ҳал ва ҷавобро бидонанд ва аз ақидаи худ посдорӣ кунанд.
5. Савганд хӯрдан ба номи Парвардигор барои аз байн бурдани тардид аз дигарон дар масъалаҳои эътиқодӣ дуруст аст.
6. Ба суханони бедалели заҳролуду маҳками кофирон шумо ҳам ҷавоби дандоншикан бидиҳед. Онҳо гуфтанд: Ҳаргиз дубора зинда намешавем. Худо ба Паёмбараш мефармояд, ки бигӯ: Савганд ба Парвардигорам ҳатман дубора зинда хоҳед шуд.
7. Қиёмат ҷои кайфари кофирон ва подоши мӯъминон аст.
8. Дар рӯзи қиёмат кофирон аз ҳамаи амалҳое, ки дар дунё карда буданд огоҳ мешаванд. Зулму ҷиноят, хиёнат ва гуноҳоне, ки ошкору ниҳон мекунанд рӯзе ҳамагӣ ошкор мешаванд ва бояд барои онҳо посух гӯянд ва кайфари онро бибинанд.
9. Кофирон мепиндоранд, ки зинда шудани дубораи мурдагон мумкин нест, вале Худо мефармояд: Он чиро шумо сахт медонед, барои Худованд осон аст.
10. Худо ақидаи нодуруст ва ботили кофирон ва мухолифони ҳақро гуфта ва ақидаи дуруст ва ҳақро баён кардааст. Пас бояд дуруст ва нодурустро аз Қуръони Карим ва суннати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) биёмӯзем.