Худои Мутаол дар ояти шашуми сураи Тағобун мефармояд:
ذَلِكَ بِأنَّهُ كَانَت تَّأْتِيهِمْ رُسُلُهُم بِالْبَيِّنَاتِ فَقَالُواْ أَ بَشَرٌ يَهْدُونَنَا فَكَفَرُواْ وَتَوَلَّواْ وَّاسْتَغْنَى اللَّهُ وَاللَّهُ غَنِىٌّ حَمِيدٌ
Ин (кайфар) ба хотири он аст, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан (ва мӯъҷизаҳо) ба сӯроғи онҳо омада буданд, ва онон (ба ҷои қабул ва имон ба онҳо) гуфтанд: Оё инсоне (мисли худамон) моро ҳидоят кунад? Аз ин рӯ кофир шуданд ва (ба паёмбарон ва фармонҳои Худо) пушт карданд ва Худованд (аз имони онон) бениёз аст. Ва Худованд бениёз ва сутуда аст.
Бидонем
беҳтарин даъват даъвати амалӣ аст. Худованд паёмбаронро аз ҷинси башар қарор дод то тамоми талхиву шириниҳои зиндагиро мисли мардум бичашанд ва дар амал роҳнамои онон бошанд, вале бархе кӯтаҳфикрон башар будани ононро камбудӣ мепиндоштанд ва мегуфтанд: Оё башаре мисли худи мо роҳнамои мо бошад?!
Ғанӣ ва биниёз фақат Худованд аст. Хеле зишт ва нописанд аст, ки инсоне, ки саропо ниёз дорад худро бениёз пиндорад, чун дар ин сурат туғён ва саркашӣ намуда худро аз ҳидоят ва саодат маҳрум мекунад. Алақ/6-7
Шубҳаафканӣ ва эҷоди шакку тардид миёни мӯъминон шеваи кофирони мутакаббир аст. Як бор мегӯянд: Оё башаре мисли мо ҳидоятгари мо бошад? Бори дигар мегӯянд: Аз куҷо медонед, ки Солеҳ фиристодаи Худост?! (Аъроф/75); Ва гоҳе мегӯянд: Чигуна як фақир фармондеҳ ва ҳоким шавад?! (Бақара/247) Бо ин кори худ мехоҳанд имони мӯъминон ва ҳақиқатхоҳонро суст кунанд.
Кофирон далел надоранд ва фақат ҳақиқатҳоро боварнакарданӣ нишон медиҳанд. Дар бораи паёмбарӣ мегӯянд: Чигуна як башар метавонад роҳнамои ҷомеаи башарӣ шавад? Дар бораи қиёмат мегӯянд: Чигуна баъд аз он ки ҷисми мо пусид ва дар хок шуд, дубора зинда мешавем? (Саҷда/10)
Худованд ба имони мардум ниёзе надорад. Ҳар кас кофир шавад, бидонад, ки Худованд аз тамоми ҳастӣ бинёз аст. (Оли Имрон/97) Агар шумо ва тамоми мардуми рӯи замин кофир шавед, ҳамоно Худованд бениёз ва сутуда аст. (Иброҳим/8) Оре, агар ҳамаи мардум рӯ ба хуршед ё пушт ба хуршед хона бисозанд дар хуршед асаре надорад. Ин мо ҳастем, ки ба нур ва ҳарорати хуршед ниёз дорем.
Биёмӯзем
1. Таърихи гузаштагонро таҳлил ва баррасӣ кунед ва панд гиред.
2. Қаҳру ғазаби Худо баъд аз тамом кардани ҳуҷҷат ва далел аст.
3. Худованд барои ҳидояти башар дар тӯли таърих паёмбарони зиёдеро паёпай фиристодааст.
4. Тамоми паёмбарон(а) далелҳои равшан ва мӯъҷиза доштаанд.
5. Кофирон бе тааммул ва диққат дар далелҳои паёмбарони Худо(а) дар ҳаққоният онҳо шакку тардид эҷод мекарданд.
6. Кофирон худ хидоятро намепазиранд ва дигаронро ҳам аз қабули он бозмедоранд.
7. Ба гуфтаҳои дигарон диққат кунед то шахсияти онҳоро бишиносед.
8. Эродгирӣ ва эҷоди шакку тардид дар даъвати паёмбарон ва дини Худо, пушт кардан ба ҳақиқат ва худро бениёз донистан нишонаҳои куфр аст.
9. Ҳар саволе сабаби рушд нест, балки метавонад муқаддимаи бадбахтӣ ва дур шудан аз Ҳақ ва бадбинӣ ба аҳли Ҳақ шавад.
10. Аз нигоҳи кофирон башар будани паёмбарон (а) камубдӣ аст, дар ҳоле ки дар ҳақиқат ғайри ин камбудӣ аст.
11. Таърих такрор мешавад. Имрӯз мо ба даъвати аҳли ҳақ чигуна посух медиҳем?
12. Худо сифатҳои кофиронро баён кардааст то онҳоро бишиносем ва худро аз он дур кунем.
13. Ҳақиқатҳо дар Қуръон баён шудаанд. Кофирон худро бениёз мепиндоштанд, вале бояд ҳама бидонанд, ки фақат Худо бениёзи ҳақиқӣ аст ва бояд ӯро ба хотири баровардани ниёзҳои ҳастӣ ҳамду ситош кунем.
14. Чӣ бад аст, ки мо ба сухани ҳаққи Худо ва Расули Худо (с) гӯш накунем, вале пайрави шакку тардиди кофирон шавем.
15. Худо дар зоташ биниёз аз ҳама ва дар корҳояш шоистаи ситоиш аст.
Худоё, мо бо тамоми вуҷуд ба бениёзии ту ва ниёзмандии худ имон дорем ва танҳо аз ту кӯмак мехоҳем. Худоё, моро аз куфру ширку нифоқ дар амони худ нигаҳ дор ва бо имону ислом ва ҳидоят ба саодати дунё ва охират бирасон! Омин!