Худои Субҳон дар ояти чоруми сураи Тағобун мефармояд:
يَعْلَمُ مَا فِى السَّمَوَاتِ وَالْأَرْضِ وَيَعْلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعْلِنُونَ وَاللَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ
Он чӣ дар осмонҳо ва замин аст медонад ва он чиро пинҳон мекунед ва ончиро ошкор месозед, медонад ва Худованд ба он чӣ дар синаҳост ба хубӣ огоҳӣ дорад.
Бидонем
Дар ин оят се маротиба аз илми Худованд сухан ба миён омадааст: илм ба тамоми мавҷудоти ҳастӣ, илм ба ошкору ниҳони инсонҳо, илм ба афкору ниятҳо. Илми Худо доимӣ ва амиқу дақиқ аст.
Имон ба ин ки Худованд амалҳои мо ва ҳама чизро мебинаду медонад беҳтарин роҳ барои дӯрӣ аз гуноҳ ва ҳифзи тақво аст.
Худои Мутаол дар ояти севум фармуд, ки бозгашти ҳама ба сӯи ӯст ва дар ин оят мефармояд, ки Худо ба тамом зарра-зарраи пусида ва пахшшудаи мавҷудот огоҳ аст ва ҳеҷ чиз гум намешавад.
Биёмӯзем
1. Илми Худованд ба замон, макон ва чизи хос маҳдуд нест. Ӯ ба осмонҳову замин ва ба он чӣ пинҳони ё ошкор анҷом шавад, огоҳ аст. Тибқи қонун ва барномаи Худо амал кунем ва ризои ӯро бихоҳем, чунки ҳамаи ҳастӣ аз они ӯ ва дар доираи илму ҳикмату қудрати ӯст. Дигарон мисли мо нотавон ё нотавонтар аз дигарон ва муваққатӣ ва пур аз ҷаҳлу нодонӣ ҳастанд.
2. Инсон раҳо ва беҳисобу китоб нест, балки зери назар Худост.
3. Пинҳон ва ошкор барои Худованд яксон аст ва ӯ ҳамаро медонад.
4. Худо ба корҳо ва ниятҳои ошкору махфиёнаи инсон огоҳ аст. Пас тавре зиндагӣ кунем, ки дар рӯзи қиёмат шарманда нашавем. Имрӯз хеле аз афрод дар пеши мардум ва суханрониҳои расонаии худ дам аз Ислом ва дину мазҳаб мезананд, дар ҳоле ки дар ҳақиқат теша бар решаи дину мазҳаб мезананд. Ин гуна афрод бояд бидонанд, ки фақат худро фиреб медиҳанд, зеро Худо ба ҳама чиз огоҳ аст.