Худои Субҳон дар ояти дувуми сураи Тағобун мефармояд:
هُوَ الَّذِى خَلَقَكُمْ فَمِنكُمْ كَافِرٌ وَمِنكُم مُّؤْمِنٌ وَاللَّهُ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Ӯ касест, ки шуморо офарид. Пас баъзе аз шумо (ба ихтиёри худ) кофир ва баъзе мӯъмин шуданд. Ва Худованд ба ончӣ амал мекунед биност.
Бидонем
Агар инсон миқдоре хокро дар хиёбон бинад, мепурсад, ки чӣ касе ин хокҳоро рехтааст? Агар рӯи ин хокҳо ҷадвалбандӣ ва тарроҳӣ шавад, савол мекунад, ки ин тарҳ аз кист? Агар хоки тарроҳишуда бо ҳикмат ва санъат дар қолаби кошӣ дарояд, аз хусусият ва ҳунари тарроҳ мепурсад.
Худованд инсонро офарид, аммо офариниши бисёр шигифт, ки худро "аҳсанулхолиқин" ёд кард, зеро ҳунарнамоӣ, зарофат ва тарроҳии комил дар он ба кор рафтааст. Худо мефармояд: Мо инсонро дар беҳтарин қолаб офаридем. (Тин/4)
Оре, офарида нишонаи офаридагор аст ва ҳар чӣ рӯи он ҳунарнамоии олимона ва ҳакимона шавад, нишонаи илму ҳикмат ва қудрати холиқ аст.
Ояти якум ба тасбеҳи ҳамаи махлуқҳо ишора кард ва ин оят куфр ва носипосии бархе инсонҳоро мегӯяд то кофирон гумон накунанд, ки Худо ба ибодати онҳо ниёз дорад ва ё куфри онҳо ба Худованд зиён мерасонад.
Ояти якум ба тасбеҳи ҳамаи махлуқҳо ишора дошт, ки шуур доранд. Ин оят имтиёзи инсонро баён мекунад, ки доштани ирода ва ихтиёр аст. Инсоф нест, ки инсон бо ин неъмати муҳим ва бузург Худоро носипосӣ кунад.
Биёмӯзем
1. Худо холиқи инсон аст. Ӯ ниёзҳои ҷисмӣ ва рӯҳии моро медонад ва роҳро аз чоҳ маълум кардааст ва барои расондани инсон ба саодат барнома ва тавон дорад.
2. Офариниши инсон ҷилвае аз қудрати Худованд аст.
3. Инсон ихтиёр ва ҳаққи интихоб дорад.
4. Амали инсон бар асоси ақидаи ӯст.
5. Баъзе инсонҳо бо ихтиёри худ имон ва бархе куфрро интихоб мекунанд.
6. Бидонед, ки Худо тамоми амалҳои шуморо мебинад. Пас имони воқеӣ дошта бошед ва аз куфру носипосӣ парҳез кунед.
7. Ҳеҷ амале аз Худо пинҳон нест.
Худо биност!
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1160