Ҳар дин ва оине нишона ва русуми хосси худашро дорад, ки ба воситаи он шинохта мешавад ва дини Ислом низ аз ин қоида истисно нест, балки дар дини Ислом русумҳои зиёде ҳастанд, ки ҳар кадом дар муаррифии Ислом бар ҷаҳониён саҳми арзандае доранд, аз ҷумла метавон иди Рамазону иди Қурбон, маросими бошукуҳи Ҳаҷ, беъсати Паёмбари Акрам (с) ном бурд. Ва яке аз ин маросимҳо ҷашни вилодати Расули Акрам (с) аст.
Дар ҳангоми таввалуди Паёмбари Акрам (с) ҳодисаҳои бузурге иттифоқ уфтод, ки тамоми дунёро дар тааҷҷуб даровард, яке аз он ҳаводис ба ларза даромадани кохи Касро буд ва хомӯш шудани оташкадаи Форс, ки ҳазор сол хомӯш нашуда буд ва аз ҳама муҳимтар ноумедии Шайтон буд ва намунаҳои дигаре ҳам ҳастанд. Ин ҳодисаи бузург даричаи умеде барои хушбахтӣ ва саодатмандии башар буд ва мебоист ҷашн гирифта шавад ва Паёмбари Ислом (с) бар ҷаҳониён ҳар сол беҳтар аз соли гузашта муаррифӣ гардад ва дигар касе ба худ иҷозаи сохтани филмҳо ва кашидани карикатурҳои тавҳиномезу таҳқиромез нисбати вуҷуди мубораки Расули Акрам (с)-ро надиҳад. Дар ҳақиқат ҷои таассуф дорад, ки бархе аз мусулмонони огоҳ аз ин кори бузург пешгирӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки мавлуди Расули Худо (с) дар воқеъ ба маънои шукри Худо бар неъмати бузург аст ва он шиносондани паёмбари Ӯ бар дигарон аст.
Ҷашн гирифтани мавлуд яъне дустии худро нисбат ба Худо ва Расул (с) ошкор намудан ва ёди Худо ва ёди ахлоқ ва фазоили Паёмбари Худо (с) кардан ва агар таоме дода шавад ризои Худо мавриди назар аст. Мо агар ба каломи Худо ва суннати Паёмбар (с) муроҷиа кунем, ба бузургии ин неъмат пай бурда ва иҷозаи ибрози хушҳолӣ ва ҷашн гирифтани ин рӯзро ба унвони иди неъмати бузурги Худо, яъне рӯзи милоди Расули Худо (с) ба даст меоварем.
Худованди Мутаол дар Қуръони Карим барангехтани Расули Акрам (с)-ро неъмати бузург шуморидааст, онҷо ки мефармояд:
لَقَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِّنْ أَنفُسِهِمْ...
«Худованд бар муъминон миннат ниҳот(неъмати бузурге бахшид) ҳангоме ки дар миёни онҳо, паёмбаре аз худашон барангехт... ». (сураи Оли Имрон ояи/164)
Бо таваҷҷуҳ ба ин оят, оё ҷашн гирифтани ин неъмати бузург, ки Худо ба сароҳати тамом онро баён кардааст метавонад ишкол дошта бошад?
Дар ояи дигаре мефармояд:
ذَٰلِكَ وَمَن يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِن تَقْوَى الْقُلُوبِ
«ва ҳар кас нишонаҳои Худоро бузург дорад, дар ҳақиқат он аз (аломати) покии дилҳо аст.(сураи Ҳаҷ ояи/32».
Бузург доштани вилодати Паёмбари Акрам (с), ки дар ин ҷашн, аз фазоилу сира ва мадҳу ситоиши он ҳазрат гуфта мешавад дар ҳақиқат бузург доштани нишонаи Худо аст, ки бузургтарин неъмат ба ҳисоб меояд.
قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا أَنزِلْ عَلَيْنَا مَائِدَةً مِّنَ السَّمَاءِ تَكُونُ لَنَا عِيدًا لِّأَوَّلِنَا وَآخِرِنَا وَآيَةً مِّنكَ...
« Исо писари Марям гуфт: бор Илоҳо, Парвардигоро! Аз осмон дастархоне бар мо фурӯ фирист, то иде барои аввалу охири мо бошад ва нишонае аз ҷониби ту... » (сураи Моида/114).
Ҳазрати Исо (а) талаби дастархони таом аз осмон кард ва аз Худо хост, то он иде барои аввалу охирашон бошад ва дар ҳақиқат мавлуди Паёмбар (с), ки бузргтарин неъмати илоҳӣ аст метавонад иди бузурге барои мо бошад.Чун ин марди бузург роҳи саодату наҷот дар дунё ва охиратро барои мо бозгӯ кард ва сахттарин машаққатҳоро дар роҳи расидан ба ин ҳадаф таҳаммул кард. Бар асоси ин ҳадиси шариф ҷашн гирифтани мавлуди Расули Худо (с)-ро метавон амри писандида ва некӯ донист.
عَنِ ابنِ عَبَّاسٍ رضيَ اللهُ عَنْهُمَا قال: لَمَّا قَدِمَ النَّبِيُّ صلى الله عليه وسلم الْمَدينةَ وَجَدَ الْيَهُودَ يَصُومُونَ يَوْمَ عاشُوراء، فَسُئلوا عَنْ ذَلِكَ، فَقَالوا: ((هُوَ الْيَومُ الَّذي أَظْهَرَ اللهُ مُوسى وَبَني إسْرائيلَ على فِرْعَوْن وَنَحْنُ نصُومُهُ تَعْظيمًا لَهُ))، فقالَ رسولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم: ((نَحْنُ أوْلى بِموسى)) وَأَمَرَ بِصَوْمِهِ.
«Аз ибни Аббос (рз) ривоят аст, ки фармуд: Замоне ки Расули Худо (с) ба Мадина омаданд, қавми яҳудро дар ҳоли рӯзаи рӯзи Ошӯро ёфтанд, пас Ҳазрат аз руӯзаи онҳо савол карданд, онҳо гуфтанд: ин ҳамон рӯзе аст, ки Мусо (а) ва бани Исроил бар Фиръавн пирӯз шуданд ва мо ба хотири бузургдошти он рӯза медорем. Пас Ҳазрат фармуданд: мо нисбат ба Мусо (а) беҳтарем ва дастури рӯзаи мустаҳабиро дар он рӯз доданд». ( Насоӣ, Сунанул Кубро, ҷузъи 6, саҳ.362, ҳадиси 11237).
Аз ин ҳадис ба даст меояд, ки анҷоми шукри Худо бар фазлу бахшиши Ӯдар рӯзи муаяне, ки ба хотири нозил шудани неъмати илоҳӣ аст. Ва дар он рӯз бандагони Худо ибодат мекунанд монанди: саҷдаи шукр кардан, рӯза гирифтан, садақа додан ва тиловати Қуръон кардан ва кадом неъмат метавонад бузургтар аз милоди Паёмбар (с) бошад, ки дар ҳақиқат муаррифии бузургии он Ҳазрат аст.
Ончи аз оёти илоҳӣ ва суннати набавӣ ба даст меояд ин аст, ки мо дар амри хайр ташвиқу тарғиб шудаем на наҳй. Ҷашни милоди Паёбари бузургвори Ислом (с) дар ҳақиқат амри хайре аст ва фурсате аст, то мо аз бузурги ва ахлоқу фазоили он Ҳазрат бар фарзандонамон ва насли ҷавонамон бозгӯ намоем. Умед аст, ки насли ҷавони мо Паёмбари худро беҳтару беҳтар бишиносанд ва аз қадосату покии он Ҳазрат дар муқобили тавҳину таҳқирҳои душманони Ислом муқовимат кунанд.
...فَاسْتَبِقُوا الْخَيْرَاتِ...
«...дар корҳои нек бар якдигар пешӣ гиред... »(сураи Бақара/148).