Фазоили хонадони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)

 

Имом Алй (а) дар фазоили хонадони Пайёмбар (с) ки иборатанд аз худи Паёмбар, Алй, Фотима, Ҳасан ва Ҳусайн, мефармояд:

هُمْ عَيْشُ الْعِلْمِ، وَمَوْتُ الْجَهْلِ، يُخْبِرُكُمْ حِلْمُهُمْ عَنْ عِلْمِهِمْ، وَصَمْتُهُمْ عَنْ حِكَمِ مَنْطِقِهِمْ، لاَ يُخَالِفُونَ الْحَقَّ وَلاَ يَخْتَلِفُونَ فِيهِ، هُمْ دَعَائِمُ الاِسْلاَمِ، وَوَلاَئِجُ الاْعْتِصَامِ، بِهِمْ عَادَ الْحَقُّفِي نِصَابِهِ، وَانْزَاحَ الْبَاطِلُ عَنْ مُقَامِهِ، وَانْقَطَعَ لِسَانُهُ عَنْ مَنْبِتِهِ، عَقَلُوا الدِّينَ عَقْلَ وِعَايَة وَرِعَايَة، لاَ عَقْلَ سَمَاع وَرِوَايَة، فَإِنَّ رُوَاةَ الْعِلْمِ كَثِيرٌ، وَرُعَاتَهُ قَلِيلٌ.

Хонадони Паёмбар сабаби ҳаёти дониш ва нобудии ҷаҳл ҳастанд. Бурдбориашон шуморо аз дониши онҳо хабар медиҳад ва зоҳирашон аз сафои ботин ва сукуташон аз ҳикматҳои гуфторашон бохабар месозад. Ҳаргиз бо ҳақ мухолифат накарданд ва дар он, ихтилоф надоранд. Онҳо сутунҳои устувори Ислом ва паноҳгоҳи мардум мебошанд. Ҳақ ба василаи онҳо ба ҷойгоҳаш бозгашт ва ботил аз ҷояш ронда ва нобуд ва забони ботил, аз реша канда шуд. Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, динро чунон, ки лозим ва сазовор буд, донистанд ва омӯхтанд ва ба он амал карданд, на он ки шуниданд ва нақл карданд, зеро ровиёни дониш бисёр, аммо ҳифзу амалкунандагон бар он, каманд. (Наҳҷул Балоға, хутбаи 239)

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст