Худои Мутаол дар ояти 83 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
تِلْكَ الدَّارُ الْآَخِرَةُ نَجْعَلُهَا لِلَّذِينَ لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا فِي الْأَرْضِ وَلَا فَسَادًا وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ
(Мо наҷот ва саодат дар) он сарои охиратро (танҳо) барои касоне қарор медиҳем, ки хостори бартарӣ ва фасод дар замин набошанд ва саранҷом (растагорӣ) аз они парҳезгорон аст.
Бидонем
Ин оят мисли қатъномаи достони Қорун аст, ки ҳаргуна сарватандузӣ ва бартариҷӯӣ, мояи ҳалокат дар дунё ва бадбахтӣ дар охират мешавад. Ҳазрати Алӣ(к) ин оятро барои тоҷирони бозор тиловат мефармуд.
Дар ҳадисе мехонем, ки агар касе ба воситаи беҳтар будани банди кафшаш ба дигаре худро бартар бибинад, ҷузви касоне аст, ки иродаи бартариҷӯӣ дар замин дорад.
Чи бисёранд касоне, ки дар таҳияи маскан, маркаб, либос, калом, издивоҷ ва номгузории фарзанд, коре мекунанд, ки дар ҷомеа намуде дошта бошанд ва мардум мутаваҷҷеҳи онон шаванд, ки ба фармудаи ривоят, ин афрод иродаи бартарӣ дар замин доранд ва аз биҳишт маҳруманд.
Биёмӯзем
1. Сарои охират басе азим аст. Калимаи تِلْكَ барои баёни азамат аст.
2. Саодати охират ба дасти Худо аст.
3. Саодати охират шароит дорад.
4. Ҳаргуна бартариталабӣ мамнӯъ аст. لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا
5. Маншаи фасод бартариҷӯӣ аст. لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا وَلَا فَسَادًا
6. Парҳезгор касе аст, ки иродаи тафохур ва бартарӣ бар дигарон надорад. لَا يُرِيدُونَ عُلُوًّا وَالْعَاقِبَةُ لِلْمُتَّقِينَ
7. Саодат дар охират ва оқибати неку аз они парҳезкорон аст.
8. Худо ба парҳезкорон ваъдаи саодат додааст.
9. Охирбин бошем.
10. Фиръавн дар қудрат ва Қорун дар сарват гирифтори бартариталабӣ ва фасод дар замин шуданд ва ҳалок шуданд. Пас ҳар ҳокиме сояи Худо нест, балки сояи шайтон аст ва ҳар сарватманде хушбахт нест.
11. Агар дунболи саодати охират ва ҷовидонӣ ҳастем бояд тибқи меъёри Худо зиндагӣ кунем.
12. Роҳро аз чоҳ бишиносем.
13. Қуръони Карим омадааст, то мардуми парҳезкорро ҳидоят кунад ва онҳоро то саодати абадӣ ҳамроҳӣ намояд.
14. Имон ба Худо мояи бартарӣ аст ва дурӣ аз Худо мояи ҳалокат. 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст