Худои Мутаол дар ояти 82 сураи Қасас мефармояд:
وَأَصْبَحَ الَّذِينَ تَمَنَّوْا مَكَانَهُ بِالْأَمْسِ يَقُولُونَ وَيْكَأَنَّ اللَّهَ يَبْسُطُ الرِّزْقَ لِمَنْ يَشَاءُ مِنْ عِبَادِهِ وَيَقْدِرُ لَوْلَا أَنْ مَنَّ اللَّهُ عَلَيْنَا لَخَسَفَ بِنَا وَيْكَأَنَّهُ لَا يُفْلِحُ الْكَافِرُونَ
Ва ҳамон касоне, ки мавқеияти дирӯзи ӯ (Қорун)-ро орзу мекарданд (бо дидани саҳнаи ҳалокати ӯ) мегуфтанд: Вой (бар мо) гӯё Худованд (ризқ ва) рӯзиро бар ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад, кушод ё танг мегардонад, (ва) агар Худованд бар мо миннат наниҳода буд, ҳатман моро низ (бо ӯ) ба қаъри замин бурда буд. Вой, гӯё кофирон, растагор намешаванд.
Биёмӯзем
1. Дар бораи афрод зуд қазоват накунем. Онон, ки дирӯз ҳасрат мехурданд, ки эй кош мисли Қорун буданд, имрӯз мегӯянд: Чӣ хуб шуд, ки мо мисли ӯ набудем. تَمَنَّوْا مَكَانَهُ بِالْأَمْسِ يَقُولُونَ وَيْكَأَنَّهُ
2. Туле намекашад, ки ҳақиқати афрод маълум мешавад.
3. Ҳаргиз нахоҳем, ки мисли сарватмандони мағрур ва ғофил бошем. تَمَنَّوْا مَكَانَهُ وَيْكَأَنَّ
4. Ба ҷои таманнои сарвати дигарон ба додаҳои Худо қонеъ бошем. تَمَنَّوْا مَكَانَهُ يَبْسُطُ الرِّزْقَ وَيَقْدِرُ
5. Ҳар орзуе ба салоҳ нест. تَمَنَّوْا مَكَانَهُ
6. Гоҳе мустаҷоб нашудани дуо ва бароварда накардани орзу, бузургтарин лутф ва миннати Худо бар инсон аст. تَمَنَّوْا مَكَانَهُ مَنَّ اللَّهُ عَلَيْنَا
7. Ҳаводис, сабаби бедории фитратҳо ва тағйири пиндорҳо ва хостаҳои ғалат аст.  لَوْلَا أَنْ مَنَّ اللَّهُ عَلَيْنَا
8. Афзоиш ва коҳиши ризқ ба дасти Худо аст.
9. Муҳим бандаи Худо будан аст на афзоиш ва коҳиши ризқ.
10. Сарвате, ки инсон онро аз ҷониби Худо ва барои ӯ надонад, ӯро ба куфр мерасонад. لَا يُفْلِحُ الْكَافِرُونَ
11. Сарват нишонаи хушбахтӣ нест.
12. Кофирон –пӯшонандагони ҳақ ва носипосони неъматҳои Худо- комёб намешаванд.
13. Бархе аз азобҳо дар ҳамин дунё ва зуд воқеъ мешавад.
14. Он кас, ки тавонгарат намегардонад. Ӯ маслиҳати ту аз ту беҳтар донад.
15. Пардаҳо канор раванд ба ҳикмати Худо пай мебарем. Ҳунар ин аст, ки бо пайравӣ аз дастури ӯ бо вуҷуди олами ғайб ба яқин бирасем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст