Худои Мутаол дар ояти 81 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَخَسَفْنَا بِهِ وَبِدَارِهِ الْأَرْضَ فَمَا كَانَ لَهُ مِنْ فِئَةٍ يَنْصُرُونَهُ مِنْ دُونِ اللَّهِ وَمَا كَانَ مِنَ الْمُنْتَصِرِينَ
Пас мо, ӯ ва хонаашро дар замин фуру бурдем ва ҳеҷ гуруҳе набуд, ки ӯро дар баробари қаҳри Худованд ёрӣ кунад ва худаш низ наметавонист аз худаш дифоъ намояд.
 Бидонем
Инсон метавонад дар ду қавс ҳаракат кунад: ба тарафи боло, ки ба меъроҷ мерасад ва ё ба тарафи поин, ки ба замин фуру меравад.
Биёмӯзем
1. Аз даъват, нописандӣ ва фахрфурушии Қорун зиёд вақт нагузашт, ки гирифтори азоб шуд.
2. Натиҷаи зулм ҳалокат аст. فَخَسَفْنَا  فَبَغَى عَلَيْهِمْ
3. Замин гоҳе маъмури қаҳри Худованд аст. فَخَسَفْنَا بِهِ وَبِدَارِهِ الْأَرْضَ
4. Саранҷоми сарватандузӣ бухл, ғурур ва ҳалокат аст. فَخَسَفْنَا بِهِ وَبِدَارِهِ الْأَرْضَ
5. Касе, ки дирӯз орзуи ӯро мекарданд ва хадаму ҳашам дошт дар рӯзи азоби ҳамин дунё ёвар надорад. فَمَا كَانَ لَهُ مِنْ فِئَةٍ يَنْصُرُونَهُ
6. Ҷуз Худо ҳеҷ кас тавони ёрӣ надорад. مِنْ دُونِ اللَّهِ
7. Сарват, василаи наҷот нест.   مَا كَانَ مِنَ الْمُنْتَصِرِينَ
8. Азобҳои Худо чунон аст, ки дар тасаввур ҳам намеғунҷад.
9. Ҷилвагарии сарватмандони бехудо зудгузар аст.
10. Сарваташро барои ҳифзу оромиши ҷонаш ва фақат барои худаш мехост, вале ҳамин сарват балои ҷонаш ва сабаби азобу мояи ҳасраташ шуд.
11. Саргузаштҳои дигарон бояд ибрати ояндагон бошад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст