Худои Мутаол дар ояти 80 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَيْلَكُمْ ثَوَابُ اللَّهِ خَيْرٌ لِمَنْ آَمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا وَلَا يُلَقَّاهَا إِلَّا الصَّابِرُونَ
Ва (аммо) касоне, ки илм ва огоҳии (воқеӣ) ба онон дода шуда буд, гуфтанд: Вой бар шумо! Подоши Худо барои касоне, ки имон оваранд ва кори шоистае анҷом диҳанд (аз ин молу сарват), беҳтар аст ва (албатта) ҷуз собирон он (подош)-ро дарёфт нахоҳанд кард. 
Бидонем
Қорун худро олим ва касби сарватро ба воситаи илми худ медонист; أُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ عِنْدِي , аммо Худованд дар ин оят мефармояд: Илми ҳақиқӣ бо ин моландузӣ созгор нест.
Биёмӯзем
1. Назари худро баён кунед, чун бо гуфтанҳо хеле аз ҳақоиқ ва шахсияти афрод ошкор мешавад.
2. Фурсатҳоро аз даст надиҳед. Охурбинҳо орзуи мақоми Қорунро карданд, вале аҳли илм ҳақиқатро баён карданд.
3. Аз касоне, ки ба онҳо илм дода шудааст ва аз он баҳраи дуруст доранд, интизор меравад, ки 1) дар миёни мардум ва дар ҷараёни ҳаводис бошанд ва 2) инҳирофҳоро баён ва роҳи ҳал диҳанд.
4. Аҳли имли воқеӣ бо изҳори назари дуруст ва саривақтӣ монеъи ғалаба ва фарогирии фикри ботил мешавад. Пас сукут дар ҷои худ ва гуфтан дар ҷои худ.
5. Охурбинҳо сазовори вайл ҳастанд.
6. Дилбохтагони дунё сазовори сарзаниш ва накуҳишанд. وَيْلَكُمْ
7. Худованд аз фарзонагони Бани Исроил ба хотири бархурд бо дилбохтагони дунё ситоиш мекунад. قَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَيْلَكُمْ
8. Подоши ҳақиқӣ, ҷовидона ва фаровон назди Худост.
9. Барои расидан ба подоши Худо бояд имон овард ва амали солеҳ кард.
10. Меъёрҳоро баён кунед.
11. Олими воқеӣ касе аст, ки аҳли имон ва амали шоиста бошад.
12. Илми воқеӣ инсонро ба сӯи охират ва тақво ва амали солеҳ мекашонад. قَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَيْلَكُمْ ثَوَابُ اللَّهِ خَيْرٌ
13. Олими огоҳ касе аст, ки зарқу барқи дунё ӯро маҷзуб насозад ва дунёгароёнро таҳқир кунад. َقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَيْلَكُمْ ثَوَابُ اللَّهِ خَيْرٌ
14. Уламо бояд мардумро аз ишқи ба дунё барҳазар доранд. َقَالَ الَّذِينَ أُوتُوا الْعِلْمَ وَيْلَكُمْ ثَوَابُ اللَّهِ خَيْرٌ Дар ҳадис мехонем: الدنیا رأس کل خطیئة  حب Дӯст доштани дунё сарчашмаи ҳамаи хатоҳо аст.
15. Агар касеро аз чизе манъ мекунем, дар сурати лузум ва тавон беҳтар аз онро ба ӯ арза намоем. ثَوَابُ اللَّهِ خَيْرٌ
16. Имон ва амали солеҳ замоне саодатофарин аст, ки инсон бар он пойдор бошад. آَمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا وَلَا يُلَقَّاهَا إِلَّا الصَّابِرُونَ
17. Охирбинҳо бо имону амали солеҳ ва сабр ба подоши Худо мерасанд.
18. Дар муқобили зарқу барқи қорунҳои худобехабар бояд сабр кард на орзуи мисли ӯ будан.
19. Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар нишонаи имон ва амали солеҳ аст.
20. Маъруфҳо ва мункарҳоро бишиносем ва аввалиро амал ва дувумиро так кунем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст