Худои Мутаол дар ояти 79 сураи Қасас мефармояд:
فَخَرَجَ عَلَى قَوْمِهِ فِي زِينَتِهِ قَالَ الَّذِينَ يُرِيدُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا يَا لَيْتَ لَنَا مِثْلَ مَا أُوتِيَ قَارُونُ إِنَّهُ لَذُو حَظٍّ عَظِيمٍ
(Рӯзе Қорун) бо тамоми таҷаммул ва зинати худ дар миёни қавмаш зоҳир шуд. (Бо дидани ин саҳна) онон, ки хоҳони зиндагонии дунё буданд (оҳе кашида ва) гуфтанд: Эй кош мисли ончи ба Қорун дода шуда, барои мо низ буд. Ба ростӣ ки ӯ баҳраи бузурге (аз неъматҳо) дорад.
Биёмӯзем
1. Қорун ба забон гуфт, ки ин дороии зиёди ман ба хотири илми худам аст ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункари қавмашро нодида гирифт ва дар амал ҳам бо ба бар кардани зару зевари худ ва ба миёни ҷамъият омадан мардуми камбағалро сузонд.
2. Қорун бо густохӣ хилофи суханони хайрхоҳонаи қавмаш амал кард. Чӣ басо ёдоварӣ ва хайрхоҳӣ барои қудратмандон, донишмандон ва сарватмандони мунҳариф боиси бадтар шудани рӯҳияи онҳо шавад.
3. Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст. Дар ояти гузашта бо забон ғуруру мастии худро ва нигоҳи ҳақиқии Қорун ба сарват маълум шуд ҳол дар амал ҳақиқати худро намоиш дод. Мегӯянд, ки қалбат пок бошад, ин дуруст аст, вале бояд бидонем, ки аз қалби пок амали пок сар мезанад.
4. Қудрат ва сарват дар дасти инсонҳои ғофил сабаби фахрфурушӣ, худнамоӣ ва таҷаммулгароӣ аст. فَخَرَجَ عَلَى قَوْمِهِ فِي زِينَتِهِ
5. Ба рух кашидани сарват сифати Қорунӣ аст. فَخَرَجَ عَلَى قَوْمِهِ فِي زِينَتِه
6. Қорунсифатон худро бартар аз дигарон медонанд. عَلَى قَوْمِهِ
7. Ашрофигарии ҳокимон метавонанд фарҳанги мардумро тағйир диҳад. فِي زِينَتِهِ يَا لَيْتَ لَنَا
8. Амаркарди дигарон боиси беҳтар ва бештар шинохтани дигарон аст.
9. Ба вокунишҳо диққат кунед, то афродро бишиносед.
10. Гуфторҳоро ҷиддӣ бигирем.
11. Дунёгароёнро бишиносем.
12. Хеле аз мардум рӯҳияи Қорунро доранд, ҳарчанд имконот надоранд.
13. Орзуҳо баёнгари хостаҳои афрод аст. Касоне, ки дунёро мехостанд гуфтанд, ки эй кош ...
14. Завоҳири зебои дунё доме барои ҷазб ва инҳирофи кӯтаҳфикрон аст. قَالَ الَّذِينَ يُرِيدُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا
15. Соҳиби саҳми бузург донистани сарватмандони мунҳариф ва орзуи мисли ӯ кардан хостаи дунёгароён ва кӯтаҳфкирон аст.
16. Орзуи Қорун шудан орзуи дунёпарастони камхирад аст. يُرِيدُونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا يَا لَيْتَ لَنَا
Орзуи охурбинҳо
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1269