Худои Мутаол дар ояти 78 сураи Қасас мефармояд:
قَالَ إِنَّمَا أُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ عِنْدِي أَوَلَمْ يَعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ قَدْ أَهْلَكَ مِنْ قَبْلِهِ مِنَ الْقُرُونِ مَنْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُ قُوَّةً وَأَكْثَرُ جَمْعًا وَلَا يُسْأَلُ عَنْ ذُنُوبِهِمُ الْمُجْرِمُونَ
(Қорун дар ҷавоб) гуфт: Ҳамоно ин (сарвати фаровон) ба воситаи донише, ки дорам ба ман дода шудааст. Оё ӯ намедонист, ки Худо қабл аз ӯ аз миёни наслҳо, касоне, ки аз ӯ нерумандтар ва моландузтар буданд, ҳалок кардааст? Ва (дар он ҳангом ҳатто) аз гуноҳони муҷримон (ҳам) пурсида намешавад?!
Бидонем
Дар қиёмат ҳатман аз муҷримон савол мешавад, вале ин оят ишора ба замони нузули қаҳри Худо дар дунё аст, ки дар он ҳангом дигар муҳлате барои савол ва  ҷавоб вуҷуд надорад.
Биёмӯзем
1. Гуфтанҳоро ҷиддӣ гиред, чун василаи шинохти шахсияти афрод аст.
2. Донишмандон, сарватмандон ва афроди мунҳариф чунон қотеъ сухан мегӯянд, ки гӯё ҳақ ҳамон аст.
3. Ғурури илмӣ гоҳе ончунон инсонро худмеҳвар месозад, ки дигар нақши ҳеҷ кас ва ҳеҷ чизро қабул надорад. إِنَّمَا أُوتِيتُهُ عَلَى عِلْمٍ عِنْدِي
4. Ба илми худ нозидан ахлоқи Қорунӣ аст. عَلَى عِلْمٍ عِنْدِي
5. Қорун на илм ва на сарватро аз Худо намедонист, аз ин рӯ ба амри Худо ҳам гӯш намекард.
6. Сарват ва қудратро эҳсони Худо бидонем, на маҳсули илм ва талоши худ. Мардум мегуфтанд: Ин Худованд аст, ки ба ту сарват додааст, вале Қорун мегуфт: Худам бар асоси илм онро пайдо намудаам.) عَلَى عِلْمٍ عِنْدِي أَحْسَنَ اللَّه
7. Бо савол хуфтагонро бедор ва дигаронро водор ба посухгӯӣ кунед.
8. Ошноӣ бо таърих беҳтарин дарси ибрат аст.  وَلَمْ يَعْلَمْ مِنْ قَبْلِهِ
9. Нобуд кардани гарданкашон қонуни Худо аст.
10. Қудрат ва сарват монеи нузули қаҳри Худо нест. أَهْلَكَ مِنْ قَبْلِهِ
11. Озмударо озмудан хатост.
12. Қонун ва азоби Худо ҳатмӣ аст ва ӯ бар ҳар коре тавоно аст.
13. Илму қудрат ва сарват бе Худо саодатофарин нест.  أَهْلَكَ أَشَدُّ مِنْهُ قُوَّةً وَأَكْثَرُ جَمْعًا
14. Даст болои даст бисёр аст. مَنْ هُوَ أَشَدُّ مِنْهُ
15. Қудрматмандон хаёл накунанд, ки неруи зиёд доранд. Замони гирифторӣ дар азоб танҳо ҳастанд ва касе ёвар нест.
16. Паёмади ҷурм нобудӣ аст.
17. Ҳушдор, агар қаҳри Худо фаро расад, дигар фурсате барои савол ва  ҷавоб ва чуну чаро нахоҳад буд. لَا يُسْأَلُ عَنْ ذُنُوبِهِمُ الْمُجْرِمُونَ
18. Меъёрҳои дуруст ва сабабҳои гирифториро аз Қуръон биёмӯзем.
19. Имрӯз навбати мо ҳаст, ки аз эҳсони Худо чигуна истифода мекунем.
20. Ба вокуниши афрод диққат кунед.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст