Худои Мутаол дар ояти шашуми сураи муборакаи Ҳуҷурот мефармояд:
يَآ أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِن جَآءَكُمْ فَاسِقٌ بِنَبِإٍ فَتَبَيَّنُواْ أَن تُصِيبُواْ قَوْماً بِجَهَالَةٍ فَتُصْبِحُواْ عَلَى مَا فَعَلْتُمْ نَادِمِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе барои шумо хабари муҳим овард таҳқиқ кунед, то мабодо (аз рӯи зудбоварӣ ва саросемагӣ иқдом кунед ва) ноогоҳона ба гурӯҳе осеб расонед, сипас аз кардаи худ пушаймон шавед.
Биёмӯзем
1. Имон барои инсон масъулият меорад.
2. Худо барои мӯъминон вазифа таъин кардааст.
3. Мӯъмин бояд вазифаи худро бишиносад.
4. Мӯъмин набояд зудбовар ва бехаёл бошад, балки хабарҳоро таҳқиқ ва баррасӣ кунад.
5. Ҳамаи атрофиёни Паёмбари Аъзам(с) одил набуданд, балки дар миёни онон фосиқ ва мунофиқ низ буд.
6. Чеҳраи фосиқонро ифшо ва расво кунед то пеши фитна ва зулм ба дигарон гирифта шавад.
7. Ду чиз сабаби фитна аст: 1) талоши фосиқ ва 2) зудбоварии мӯъмин.
8. Асл дар Ислом боварӣ ба дигарон аст, аммо ҳисоби касе, ки фисқи ӯ бар ҳама равшан шуд фарқ мекунад.
9. Фосиқон дар паи пахши ахбори дурӯғ ва бадномкунӣ ҳастанд.
10. Зуд таҳқиқ кунед ва баррасиро дер накунед.
11. Гоҳе фосиқ рост мегӯяд, бино бар ин ҳама ҷо сухани ӯро дурӯғ надонед, балки бояд таҳқиқ шавад. Агар ҳамааш дурӯғ гӯяд касе ба сухани ӯ бовар ва гӯш намекунад, бино бар ин баъзе вақт рост ҳам мегӯяд то дурӯғҳояшро ҳам бовар кунанд.
12. Уммати мусулмон дар хатари ҳамлаҳои хабарӣ аст, аз ин рӯ бояд ҳушёр бошанд.
13. Ҳунар ин аст, ки илоҷи воқеа бояд қабл аз вуқӯъ шавад. Аввал таҳқиқ ва сипас иқдом кунем.
14. Далели дастурро бигӯед. Таҳқиқ барои пешгирӣ аз осеб задан ба бегуноҳ ва эҷоди фитна аст.
15. Далел ва рамзу рози аҳкоми Худо ангезаи мардумро барои анҷоми дастурот зиёд мекунад.
16. Ҳадафи хабаргузориҳои фосиқ эҷоди фитна ва барҳам задани амнияти рӯҳӣ ва зиндагии мӯъминон аст.
17. Иқдом бар асоси гузориши баррасинашуда ва нодуруст метавонад ҷомеаро нобуд кунад.
18. Иқдоми саросема ва бе таҳқиқ ҷаҳолат аст.
19. Амал ба дастуроти Худо монеъи пушаймонӣ аст.
20. Поёни кори насанҷида пушаймонӣ аст ва масъулият дорад.
21. Имрӯз мутаассифона мо бештари ахбор ва огоҳиҳои худро, ки бо он дар бораи дигарон изҳори назар ва чӣ қадар ҳақро ноҳақ ва ботилро ҳақ мекунем аз хабаргузориҳое мегирем, ки на танҳо фосиқ буданашон, балки кофир, мунофиқ ва душмани сарсахти Ислом ва мусулмонон буданашон ошкор аст.
22. Равиши зиндагии имониро аз Қуръон биёмӯзем.
23. Ҳуҷҷат тамом шудааст. Мо бояд вазифаи худро дуруст бишиносем ва ба он амал кунем ва пойбанд бошем.
Зарурати таҳқиқ дар хабари фосиқ
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1607