Худои Мутаол дар ояти 74 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَائِيَ الَّذِينَ كُنْتُمْ تَزْعُمُونَ
Ва (боз ба хотир оред) рӯзеро, ки (Худо) онҳоро нидо медиҳад, пас мегӯяд:  Куҷоянд он (ҳамтоён ва) шариконе, ки барои ман мепиндоштед?!
Биёмӯзем
1. Саҳнаи ҳузури мушрикон дар қиёмат бояд ёдоварӣ шавад. وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ
2. Рӯзе дар пеши рӯи инсонҳо ҳаст, ки бояд барои амалҳояшон посухгӯ бошанд.
3. Онон, ки барои Худо шарик қоиланд, худро барои посухгӯӣ омода намоянд. أَيْنَ شُرَكَائِيَ (Инсон масъули андеша ва гароиши худ аст.)
4. Мушрикон аз раҳмати Худо дуранд.
5. Касоне, ки дар дунё ба даъвати Худо ва Расули Худо(с) гӯш накарданд ва аз барнома ва қонуни ӯ итоат накарданд, рӯзи қиёмат ҷое барои гурез надоранд.
6. Бо гуфтан ҳақиқатҳоро ошкор кунед.
7. Қиёмат рӯзи зуҳури пучии маъбудон ва дармондагии мушрикон аст. أَيْنَ شُرَكَائِيَ
8. Тамоми маъбудон дар беасарӣ ва ҳамаи мушрикон дар беҷавобӣ яксонанд. أَيْنَ شُرَكَائِيَ
9. Ба саолҳои калидӣ диққат ва худро омодаи посухгӯӣ кунед.
10. Қозии додгоҳи қиёмат Худои Мутаол аст. أَيْنَ شُرَكَائِيَ
11. Барои ғайри Худованд дар қиёмат ҳеҷ қудрате нест. أَيْنَ شُرَكَائِيَ
12. Худованд шарике надорад, ончиро шарики ӯ мешуморанд, пиндор ва таваҳҳум аст. كُنْتُمْ تَزْعُمُونَ
13. Мушрикон дар дунё ҳамеша дар ҳоли таваҳҳум ва хаёл ҳастанд, чун худро аз ҳақиқат дур кардаанд.
14. Барои ҳар коре ба ҷои хаёлу ваҳм ба дунболи далел ва ҷавоби қонеъкунанда бошед.
15. Ҳуҷҷат аз тарафи Худо тамом шудааст, ҳол худ донед, ки кадом роҳро интихоб мекунед.
16. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст