Худои Мутаол дар ояти 72 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ النَّهَارَ سَرْمَدًا إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُمْ بِلَيْلٍ تَسْكُنُونَ فِيهِ أَفَلَا تُبْصِرُونَ
(Ва) бигӯ: Ба ман хабар диҳед, ки агар Худованд рӯзи шуморо, то рӯзи растохез доимӣ кунад, кадом худое ғайр аз Аллоҳ барои шумо шаб меорад, то дар он оромиш (ва осоиш) ёбед? Пас оё наменигаред?
Биёмӯзем
1. Паёмбар вазифа дорад паёми Худоро бигӯяд ва аз пеши худ намегӯяд.
2. Паём ва қонуни Худоро бояд бигӯед, то ҳуҷҷат тамом ва фазо барои иҷрои аҳкоми Худо омода шавад.
3. Худатон бояд бифаҳмед ва тасмим бигиред, чун омадани паёмбар ва қонун барои маҷбур кардани шумо нест, балки барои тамом шудани ҳуҷҷат аст. Албатта фардо бояд масъулияти амалкарди худро бипазиред.
4. Низоми ҳоким бар ҳастӣ аз тарафи Худованд аст ва агар бихоҳад онро ба низоми дигаре табдил мекунад. إِنْ جَعَلَ اللَّهُ
5. Қудрати Худованд нисбат ба ҳамаи падидаҳо яксон аст. جَعَلَ اللَّيْلَ سَرْمَدًا جَعَلَ النَّهَارَ سَرْمَدًا
6. Тасаввури набуд ё дигаргунии неъматҳо бояд моро қадрдони он ва итоат аз соҳиби он намояд.
7. Гоҳе бояд набуди неъмат ва вазъияти баъди онро дар назар бигирем.
8. Дар олам таъсиргузори асосӣ ва доимӣ фақат Худост бино бар ин дунболи худоёни дигар наравед, ки зарар мекунед.
9. Шаб барои осоиш аст ва инсон ниёзманди осоиш. تَسْكُنُونَ فِيهِ
10. Афроди бебасират қобили сарзаниш ҳастанд. أَفَلَا تُبْصِرُونَ
11. Ширк натиҷаи надоштани басират аст. مَنْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ  أَفَلَا تُبْصِرُونَ
12. Бо доштани басар бояд ба басират бирасем, вагарна зарар хоҳем кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст