Худои Мутаол дар ояти 71 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
قُلْ أَرَأَيْتُمْ إِنْ جَعَلَ اللَّهُ عَلَيْكُمُ اللَّيْلَ سَرْمَدًا إِلَى يَوْمِ الْقِيَامَةِ مَنْ إِلَهٌ غَيْرُ اللَّهِ يَأْتِيكُمْ بِضِيَاءٍ أَفَلَا تَسْمَعُونَ
Бигӯ: Оё андешидаед, ки агар Худо шабро то рӯзи растохез пойдор бидорад, кадом Худое ғайр аз Аллоҳ барои шумо равшанӣ хоҳад овард?  Пас оё намешунавед?
Бидонем
Калимаи сармад (سَرْمَد) ба маънои доим ва ҳамешагӣ аст.
Ҷумлаи (أَفَلَا تَسْمَعُونَ) бо муҳтавои ояте, ки перомуни шаб аст таносуб дорад, зеро қудрати шунидани инсон дар шаб ҳамчунон ҳаст, ҳарчанд чашмони ӯ чизе набинанд, чунонки дар ояти баъд, ки баҳс дар иртибот бо рӯз аст, ҷумлаи (أَفَلَا تُبْصِرُونَ) омадааст.
Аз ҷумла роҳҳои шинохти Худованд андеша перомуни завол ё тағйири неъматҳост, албатта ҷо ба ҷоӣ ва пай дар пай омадани шабу рӯз, яке аз бузургтарин неъматҳо ва оёти Илоҳӣ аст.
Биёмӯзем
1. Паёмбари Аъзам (с) маъмур аст, ки паём ва қонуни Худоро ба инсонҳо  баён кунад.
2. Гуфтанро ҷиддӣ бигиред.
3. Бояд неъматҳо ва фарзи набуди он ҳамеша дар ҷомеа гуфта шавад то инсонҳо худро гум ва носипосӣ накунанд.
4. Шеваи далел ва ҳуҷҷат овардан бо мухолифонро аз Худованд биёмузем. قُلْ أَرَأَيْتُمْ
5. Беҳтарин нишонаҳои Худошиносӣ он аст, ки барои ҳама дар ҳамаи замон ва макон дастрас бошад. قُلْ أَرَأَيْتُمْ
6. Яке аз шеваҳои Қуръон тарҳи пурсишҳои бедоркунанда аст. إِنْ جَعَلَ اللَّهُ
7. Ҳаракати замин ва эҷоди шабу рӯз бо иродаи Худост. جَعَلَ اللَّيْلَ سَرْمَدًا
8. Шаб ва рӯз неъматҳои бузурги Худо ҳастанд, вале ба хотири такрор мумкин аст диққат нашаванд, бино бар ин бояд ёдоварӣ шаванд.
9. Табиат зеботарин пандомӯз ва китоби маърифати Худост. اللَّيْلَ ضِيَاءٍ
10. Дар ақоид набояд тақлид кард, балки далели қонеъкунанда бояд дошт. أَرَأَيْتُمْ أَفَلَا تَسْمَعُونَ
11. Дар таблиғ аз виҷдони мухотабин кӯмак бихоҳем. أَرَأَيْتُمْ مَنْ إِلَهٌ أَفَلَا تَسْمَعُونَ
12. Дар ҳастӣ фақат як Худо вуҷуд дорад пас бероҳа наравед.
13. Ҳуҷҷат аз тарафи Худо тамом шудааст.
14. Гӯши шунаво лозим аст то паёми Худо фаҳмида ва амал шавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст