Худои Мутаол дар ояти 68 – 70 сураи Қасас мефармояд:
و رَبُّكَ يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ وَيَخْتَارُ مَا كَانَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ سُبْحَانَ اللَّهِ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ وَرَبُّكَ يَعْلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمْ وَمَا يُعْلِنُونَ وَهُوَ اللَّهُ لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ لَهُ الْحَمْدُ فِي الْأُولَى وَالْآَخِرَةِ وَلَهُ الْحُكْمُ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
Ва Парвардигорат ончиро бихоҳад меофаринад ва (ончиро бихоҳад) бармегузинад. Барои онон (дар баробари Худованд) ҳаққи интихобе нест. Муназзаҳ ва бартар аст Худо аз ончи (барои ӯ) ширк меварзанд.
Ва Парвардигори ту ончиро дилҳояшон пинҳон медоранд ва ончиро ошкор месозанд, медонад.
Ӯ Аллоҳ аст. Маъбуде ҷуз ӯ нест. Ситоиш дар дунё ва охират (ва оғозу фарҷом) махсуси ӯст. Ҳокимият танҳо аз они ӯст ва ба сӯи ӯ бозгардонда мешавед.
Биёмӯзем
1.Қудрати комил аз они Худованд аст. يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ وَيَخْتَارُ
2.Таквин (офариниши ҳастӣ) ва ташриъ (қонуни зиндагӣ) ба дасти Худованд аст. يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ وَيَخْتَارُ
3.Интихоби раҳбари осмонӣ ба дасти Худованд аст, на мардум. وَيَخْتَارُ مَا كَانَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ
4.Касе хаққи қонунгузорӣ дорад, ки офаридагори ҳастӣ бошад. يَخْلُقُ مَا يَشَاءُ لَهُ الْحُكْمُ
5.Касе, ки дар баробари қонуни Худо қонуни башариро бипазирад, дар ҳақиқат барои Худо шарик пазируфта аст. مَا كَانَ لَهُمُ الْخِيَرَةُ سُبْحَانَ اللَّهِ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ
6.Чун маъбуде ҷуз ӯ нест, пас ситоишҳо махсуси ӯст. لَا إِلَهَ إِلَّا هُوَ لَهُ الْحَمْدُ
7.Офариниш ва гузиниш кори Худованд аст, вале ӯ кори ботил намекунад. سُبْحَانَ اللَّهِ
8. Бозгашти ҳама ба сӯи ӯст ва дар он рӯз бояд посухгӯи амалкарди худ бошем.
Парвардигоратро бештар бишинос!
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1154