Худои Мутаол дар ояти 65-67 сураи Қасас мефармояд:
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ مَاذَا أَجَبْتُمُ الْمُرْسَلِينَ
Ва (ба ёд оред) рӯзе, ки (Худо) онҳоро нидо медиҳад, пас мегӯяд: Ба паёмбарон (ва фариштагони ман) чӣ посухе додед?
فَعَمِيَتْ عَلَيْهِمُ الْأَنْبَاءُ يَوْمَئِذٍ فَهُمْ لَا يَتَسَاءَلُونَ
Пас дар он рӯз ҳамаи ахбор (ва посухҳое, ки метавон аз дигарон гирифт) бар онон пӯшида мемонад ва онон аз якдигар савол намекунанд.
فَأَمَّا مَنْ تَابَ وَآَمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا فَعَسَى أَنْ يَكُونَ مِنَ الْمُفْلِحِينَ
Аммо ҳар кас (дар ин дунё) тавба кунад ва имон биёрад ва кори шоистае анҷом диҳад, пас умед аст, ки аз растагорон бошад.
Бидонем
Дар ояти қабл савол аз тавҳид буд: أَيْنَ شُرَكَائِيَ ادْعُوا شُرَكَاءَكُمْ ва дар ин оёт масъалаи нубувват баён шудааст. مَاذَا أَجَبْتُمُ الْمُرْسَلِينَ
Биёмӯзем
1. Бояд рӯзи қиёмат ёдоварӣ шавад.
2. Бояд рӯзи савол барои амал ҳамеша пеши рӯи инсон бошад.
3. Касоне, ки дар дунё ба амри Худо ва даъвати паёмбарони Худо(а) посухи хуб ва шоиста надодаанд дар рӯзи қиёмат аз раҳмати Худо дур ҳастанд.
4. Раиси додгоҳи қиёмат Худо аст.
5. Инсон дар баробари даъвати паёмбарон(а) ихтиёр ва масъулият дорад.مَاذَا أَجَبْتُمُ الْمُرْسَلِينَ
6. Даъвати расулони Худоро ҷиддӣ бигирем, чун дар рӯзе, ки ҳатмӣ аст дар бораи он пурсида мешавем.
7. Расулон рисолатеро, ки аз тарафи Худо дарёфт карда буданд расонданд ва баҳси қавму қабила нест. Имрӯз бархе дини Исломро дини арабҳо таблиғ мекунанд ва бо барҷаста кардани расму оини миллӣ ва минтақаӣ дигаронро аз пойбандӣ ба он суст ва дур мекунанд.
8. Ҳамаи расулон аз сӯи Худо ва бо як ҳадаф омадаанд ва чун занҷира ҳастанд, ки бояд ҳамаро пазируфт, вагарна ин силсила пора мешавад, ҳарчанд дар замон, равиш ва мухотаб фарқ дошта бошанд.
9. Худованд бо фиристодани ахбори муҳими саодатофарин дар дунё ҳуҷҷатро барои инсонҳо тамом кард ва ба онҳо фурсат дод, вале дар қиёмат роҳҳои дарёфти хабар баста ва ҳама мутаҳайир ва дармондаанд. فَعَمِيَتْ عَلَيْهِمُ الْأَنْبَاءُ
10. Дар қиёмат мардум наметавонанд бо ҳамфикрӣ ва машварат ва бо савол аз якдигар ҷавобе барои додгоҳи адли Худо омода кунанд. فَهُمْ لَا يَتَسَاءَلُونَ
11. Дар Ислом бунбаст вуҷуд надорад, балки роҳи бозгашт ва тавба барои ҳамагон боз аст. مَنْ تَابَ
12. Тавба танҳо пушаймонии қалбӣ нест, балки имони воқеӣ ва амали солеҳ мехоҳад. تَابَ وَآَمَنَ وَعَمِلَ صَالِحًا
13. Тавфиқи тавба бо тамоми шароит ва қабул ва тадовуми он барои касе тазмин нашудааст, аз ин рӯ бояд инсон ҳамеша дар ҳоли хавфу умедворӣ бошад. (Калимаи асо عَسَى ба маънои умед аст, яъне бо тавба ва имон ва амали солеҳ, умеди растагорӣ ҳаст.)
14. Фалоҳ ва растагорӣ фақат бо имон ва амали солеҳ ба даст меояд.
15. Роҳи комёбӣ ва маҳрумият гуфта ва ҳуҷҷат тамом шудааст, пас бо тавфиқи Худо ва пайравии анбиё ва расулони Худо дуруст интихоб кунем.
Чӣ посух додед?
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1363