Худои Мутаол дар оятҳои 62 – 64 сураи Қасас мефармояд:
وَيَوْمَ يُنَادِيهِمْ فَيَقُولُ أَيْنَ شُرَكَائِيَ الَّذِينَ كُنْتُمْ تَزْعُمُونَ
Ва рӯзе, ки (Худованд) онҳоро нидо медиҳад, пас мегӯяд: Куҷоянд он шариконе, ки барои ман мепиндоштед?
قَالَ الَّذِينَ حَقَّ عَلَيْهِمُ الْقَوْلُ رَبَّنَا هَؤُلَاءِ الَّذِينَ أَغْوَيْنَا أَغْوَيْنَاهُمْ كَمَا غَوَيْنَا تَبَرَّأْنَا إِلَيْكَ مَا كَانُوا إِيَّانَا يَعْبُدُونَ
Он (шарикон ва) касоне, ки ҳукми азоб бар онон ҳатмӣ гаштааст, мегӯянд: Парвардигоро, инон касоне ҳастанд, ки мо гумроҳ кардаем. Ҳамон гуна ки худ гумроҳ будем, онҳоро (низ) гумроҳ намудем, (аммо ин ки аз онон) ба сӯи ту безорӣ меҷӯем. (Инон дар воқеъ) моро намепарастиданд (балки ба дунболи ҳавопарастӣ ва ҳавасронии худ будаанд.)
وَقِيلَ ادْعُوا شُرَكَاءَكُمْ فَدَعَوْهُمْ فَلَمْ يَسْتَجِيبُوا لَهُمْ وَرَأَوُا الْعَذَابَ لَوْ أَنَّهُمْ كَانُوا يَهْتَدُونَ
Ва (дар ин ҳангом ба мушрикон) гуфта мешавад: (Акнун он) маъбудонеро, ки шарики Худо мепиндоштед бихонед, пас онҳоро мехонданд, аммо ҷавобе ба онҳо намедиҳанд ва (дар ин ҳол) азоби Худоро мебинанд (ки ононро дар бар мегирад, пас орзу мекунанд) эй кош, ҳидоят шуда буданд.
Бидонем
Бо барпоии қиёмат саҳнаҳои аҷиб ва гуногуне иттифоқ меафтад, ки ин оёт ба баъзе аз онҳо ишора дорад. Яке аз саҳнаҳо саволҳои сарзанишии Худованд аз мушрикон аст ва дигарӣ изҳори танаффур ва безории маъбудҳо аз касоне аст, ки онҳоро мепарастиданд ва саҳнаи севум маломати мунҳарифон аз шайтон аст, ки шайтон ҳам дар ҷавоб мегӯяд: Маро сарзаниш накунед, балки худатонро маломат намоед. فَلَا تَلُومُونِي وَلُومُوا أَنْفُسَكُمْ (Сураи Иброҳим, ояти 22)
Дар қиёмат ҳар кас гуноҳи худро ба гардани дигаре меандозад, вале аз тарафи муқобил ҳам ҷавоб мешунавад, ки: بَلْ كُنْتُمْ قَوْمًا طَاغِينَ (Сураи Соффот, ояти 30) Гуноҳро ба гардани мо наяндозед, балки шумо худатон аҳли туғён будед.
Баъзе аз маъбудҳо ҳамчун ҳазрати Исо(а) ва фариштагон айб надоранд, аммо касоне назири шаётин, тоғутҳо ва донишмандоне, ки сабаби бидъат ва инҳироф дар дин гаштаанд, айбдоранд ва азобашон қатъӣ аст.
Биёмӯзем
1. Саҳнаҳои қиёматро фаромӯш накунем. وَيَوْمَ
2. Муҷримон аз раҳмати ва қурби Худо маҳрум ва дур ҳастанд. يُنَادِيهِمْ
3. Бозпурс ва қозии додгоҳи қиёмат Худост. يُنَادِيهِمْ
4. Додгоҳи қиёмат ошкоро ва ҳузурӣ аст. أَيْنَ شُرَكَائِيَ
5. Рӯзи қиёмат рӯзи посухгӯӣ ба амалҳо аст.
6. Коре накунем, ки дар қиёмат аз посух оҷиз бошем. أَيْنَ شُرَكَائِيَ Имрӯз давлатҳо ва созмонҳо мардумро метарсонанд, ки бояд сухане гӯед ва коре кунед, ки битавонед посух дошта бошед, вале худашон аз рӯзи саволи қиёмат ғофил ҳастанд.
7. Ширк ва такя бар ҳарчи ғайри Худо гумон, хаёл ва сароб аст. تَزْعُمُونَ
8. Маъбудҳои азизи дунё залилон ва маҳкумони охиратанд. حَقَّ عَلَيْهِمُ الْقَوْلُ
9. Ҳар кас дигаронро ба ҷои Худо ба сӯи хеш бихонад, азобаш ҳатмӣ аст. حَقَّ عَلَيْهِمُ الْقَوْلُ
10. Касоне, ки бо ихтиёр рубубияти Худоро напазируфта ва бо қонуни ӯ мухолифат ва мубориза карда буданд дар қиёмат таслим мешаванд.
11. Парастиши ғайри Худо як фиреб аст. أَغْوَيْنَا
12. Фиребхӯрдагон ба дунболи фиреби дигарон низ ҳастанд. أَغْوَيْنَاهُمْ كَمَا غَوَيْنَا
13. Инсонҳо дар интихоби роҳ озоданд ва метавонанд роҳҳои инҳирофиро низ баргузинанд. غَوَيْنَا
14. Маъбудҳои ғайри худоӣ рӯзе аз обидони худ безорӣ меҷӯянд. تَبَرَّأْنَا
15. Илоҷи воқеа рӯпеш аз вуқӯъ бояд кард. Ҳамин ҳоло ки фурсат дорем дунболи онон наравем ва аз он безорӣ кунем.
16. Ҳақиқати ширк ҳаво ва худпарастӣ аст. مَا كَانُوا إِيَّانَا يَعْبُدُونَ
17. Маъбудҳои дурӯғин ба нолаҳои шумо дар вақти ниёз посухе нахоҳанд дод. فَدَعَوْهُمْ فَلَمْ يَسْتَجِيبُوا (Дил бастан ба ғайри Худо дар дунё сабаби маҳрум шудан аз ёрии Худо дар қиёмат аст.)
18. Қиёмат рӯзи ҳасрат аст. لَوْ أَنَّهُمْ كَانُوا يَهْتَدُونَ
19. Ба зарқу барқи зудгузари фиръавнҳо, қорунҳо ва олимони мунҳариф фиреб нахӯрем ва дунболи зоте бошем, ки ҷовидона аст.
20. Роҳро аз чоҳ бояд бар асоси барномаи Худо бишиносем ва худро аҳли наҷот кунем.
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1031