Худои Мутаол дар ояти 61 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
أَفَمَنْ وَعَدْنَاهُ وَعْدًا حَسَنًا فَهُوَ لَاقِيهِ كَمَنْ مَتَّعْنَاهُ مَتَاعَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا ثُمَّ هُوَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ مِنَ الْمُحْضَرِينَ
Пас оё касе, ки ба ӯ ваъдаи некӯ додаем ва ӯ онро хоҳад дид, монанди касест, ки ӯро аз баҳраи зиндагии дунё  баҳраманд сохтем (ва) сипас ӯ дар рӯзи қиёмат аз эҳзоршудагон (барои ҳисоб ва ҷазо) хоҳад буд?!
Бидонем
Ин оят дар идомаи оёти гузашта перомуни касоне аст, ки ба хотири ҳифзи дунё бар куфр боқӣ мондаанд.
Ва иддае, ки дар ин оят ба он ишора гардида, ҳамон ваъдаест, ки дар оёти мухталифи Қуръони Карим ба аҳли имон ва амали солеҳ дода шудааст, аз ҷумла ояти нуҳуми сураи Моида: وَعَدَ اللَّهُ الَّذِينَ آَمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَهُمْ مَغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِيمٌ
Мухолифони Паёмбари Акрам(с) дар садри Ислом афроди мураффаҳ ва комёбе будаанд.
Биёмӯзем
1. Ваъдаҳои Худо ва подошҳои ухравӣ ҳам бузург аст ва ҳам некӯ. وَعْدًا حَسَنًا  (калимаи وَعْدًا ки бо танвин омада, ишора ба бузургии амр ва калимаи حَسَنًا нишон аз некӯӣ дорад.)
2. Ваъдаҳои Худо неку аст, вале шайтон ваъдахилоф аст. وَعْدًا حَسَنًا 
3. Ваъдаҳои Худо қатъӣ ва ҳатмӣ аст. وَعَدْنَاهُ فَهُوَ لَاقِيهِ
4. Шеваи муқоиса аз беҳтарин услубҳои таблиғ ва тарбият аст. أَفَمَنْ وَعَدْنَاهُ كَمَنْ مَتَّعْنَاهُ  Касоне, ки ваъдаҳои Худоро дарёфт мекунанд, қобили муқоиса бо маҳрумон нестанд.
5. Тавфиқи баҳрагирӣ аз матои дунё низ ба дасти Худост. مَتَّعْنَاهُ
6. Комёбии дунявӣ нишонаи хушбахтӣ ва осудагии ухравӣ нест. مَتَّعْنَاهُ مِنَ الْمُحْضَرِينَ
7. Баҳрамандиҳои дунявӣ ҳисоб ва китоб дорад. مَتَّعْنَاهُ مِنَ الْمُحْضَرِينَ Ҳазрати Алӣ(к) мефармояд: فی حلالها حساب و فی حرامها عقاب Дар ҳалоли дунё ҳисоб ва дар ҳароми он иқоб аст. Наҳҷулбалоға, хутбаи 82
8. Комёбии ғофилона эҳзори залилонаи ухравиро дар пай дорад. مِنَ الْمُحْضَرِينَ  Оре дар лаззате, ки поёнаш оташ аст, хайре нест.
9. Ба мӯҳлатдодашудагон ба чашми комёбон нигоҳ накунем, чун маҳрумони фардо ва абадӣ ҳастанд.
10. Охирбин бошем на охурбин
11. Имон ба қиёмат боиси пазириши ваъдаҳои некуи Худо ва саодат аст.
12. Фақирон фақрро баҳона мекунанд сарватмандон бештар бо ҳақ мухолифат ва мубориза мекунанд, чун ҷилваҳои зудгузари дунё онҳоро фиреб медиҳад.
13. Интизор надошта бошем ҳамаи ваъдаҳои некуи Худо дар дунё амалӣ шавад.
14. Арзишҳо ва маҳрумиятҳои ҳақиқиро аз Худо биёмӯзем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст