Дар Қуръони Маҷид, аз дунё ва зиндагонии дунё бо таъбироти мухталифе ёд гардида ва инсонҳоро аз гирифторӣ ба он ва фиреб хӯрдан дар баробари ҷилваҳои он дар барҳазар дошта аст, аз ҷумла:

  • Дунё оризӣ аст, мепарад яъне монданӣ нест.[1]عَرَضَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا

  • Дунё бозӣ ва саргармӣ аст.[2] وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا لَعِبٌ وَلَهْوٌ

  • Дунё дар муқоиса бо охират андак ва ночиз аст.[3] فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الْآَخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ

  • Зиндагии дунё мояи ғурур ва фиреб хӯрдан аст.[4] وَمَا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا إِلَّا مَتَاعُ الْغُرُورِ

  • Зиндагии дунё барои куффор ҷилвагар аст.[5] زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا

  • Мол ва фарзанд ҷилваҳои дунё ҳастанд.[6] الْمَالُ وَالْبَنُونَ زِينَةُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَاЭҳтиёт кунед шуморо аз охират ғофил накунанд.

  • Дунё ғунчае аст, ки барои ҳеҷ кас гул намешавад.[7] زَهْرَةَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا

  • Чаро охиратро ба дунё мефурӯшед?[8] اشْتَرَوُا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا بِالْآَخِرَةِ

  • Чаро ба дунёи фонӣ ва маҳдуд розӣ мешавед?[9] أَرَضِيتُمْ بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا

  • Чаро ба дунёи кӯчак ва зудгузар шод мегардед?[10] فَرِحُوا بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا

  • Чаро дунёро аз охират муҳимтар медонед?[11] يَسْتَحِبُّونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا عَلَى الْآَخِرَةِ

  • Чаро ба дунёдорон хира мешавед ва ҳаваси онҳоро мехӯред?[12] لَا تَمُدَّنَّ عَيْنَيْكَ إِلَى مَا مَتَّعْنَا بِهِ

  • Чаро фақат ба дунё фикр мекунед ва аз охират ғофил ҳастед?[13] لَمْ يُرِدْ إِلَّا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا

  • Оё дунёгароён намедонанд, ки ҷойгоҳашон дӯзах аст? وَآَثَرَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا [14],فَإِنَّ الْجَحِيمَ هِيَ الْمَأْوَى

Албатта ин ҳама ҳушдор ба хотири назорати мардуми дунёгаро аст ва ончи дар оёт ва ривоёт интиқод шуда, аз дунёпарастӣ, охиратфурушӣ ғофил ва сармаст шудан ва ҳаққи фуқароро надодан аст, вагарна афроде, ки дар чорчуби адл ва инсоф суроғи дунё бираванд ва аз камолоти дигар ва охират ғофил нашаванд ва ҳаққи маҳрумонро адо кунанд ва дар таҳсили дунё ё масрафи он зулм накунанд, молу дунёяшон фазлу раҳмати Худо аст.

 


[1] Сураи Нисо, ояти 94

[2] Сураи Анъом, ояти 32

[3] Сураи Тавба, ояти 38

[4] Сураи Оли Имрон, ояти 185

[5] Сураи Бақара, ояти 212

[6]  Сураи Каҳф, ояти 46

[7] Сураи Тоҳо, ояти 131

[8]  Сураи Бақара, ояти 86

[9] Сураи Тавба, ояти 38

[10]  Сураи Раъд, ояти 26

[11] Сураи Иброҳим, ояти 3

[12] Сураи Ҳиҷр, ояти 88

[13]  Сураи Наҷм, ояти 29

[14] Сураи Нозиъот, оёти 38 ва 39

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст