Худои Мутаол дар ояти 57 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَقَالُوا إِنْ نَتَّبِعِ الْهُدَى مَعَكَ نُتَخَطَّفْ مِنْ أَرْضِنَا أَوَلَمْ نُمَكِّنْ لَهُمْ حَرَمًا آَمِنًا يُجْبَى إِلَيْهِ ثَمَرَاتُ كُلِّ شَيْءٍ رِزْقًا مِنْ لَدُنَّا وَلَكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ
Ва (куффори Макка) гуфтанд: Агар мо бо (қабули барномаҳои) ту, ҳидоятро бипазирем, (ба зудӣ) аз сарзаминамон овора хоҳем шуд. (Бигӯ:) Оё мо ононро дар ҳарами амне қарор надодем, ки баҳраҳои ҳар чизе ба унвони рӯзӣ аз ҷониби мо ба сӯи он сарозер мешавад? Вале бештари онон намедонанд!
Бидонем
Гуруҳе аз мушрикони Макка ба Паёмбари Ислом(с) изҳор доштанд, ки агар мо ҳидоятро ба ҳамроҳи ту пазиро шавем, ба суръат аз хона ва кошонаи худ ронда ва овора ва аз зиндагӣ ва ҳастии хеш соқит ва дармонда мегардем.
Худованд бо се посух баҳонаи онҳоро рад мекунад ва мефармояд:
1. Ҳамон Худое, ки Маккаро пойгоҳи амн ва маҳалли сарозер шудани рӯзии фаровон барои шумо қарор дод, боз метавонад онро идома диҳад. (Дар ин ҷавоб дилгармӣ ва башорат аст.)
2. Бар фарз ба хотири ҳифзи рифоҳ ва манофеи худ имон наёваред, бо қаҳри Худо чӣ кор мекунед? (Дар ин ҷавоб инзор ва ҳушдор аст) (дар ояти баъд)
3. Магар мол ва матои дунё чӣ қадар арзиш дорад, ки ба воситаи он имон намеоред. Бидонед ончи назди Худост беҳтар ва пойдортар аст. Пас беимонии шумо ҳеҷ далели қобили қабул надорад. (дар ояти 60 ҳамин сура)
Биёмӯзем
1. Гуфтаҳоро ҷиддӣ бигиред. Ҳақиқати афродро метавон бо изҳори назарашон шинохт.
2. Мухолифон ҳам ба ҳаққонияти ҳидоят эътироф доранд.
3. Мухолифон худро аҳли ҳисобу китоб ва ҳушёр медонанд, вале фаромӯш кардаанд, ки ҳисобу китоби воқеӣ дар пазириши дин аст.
4. Дин танҳо ақида нест, балки барномаҳои амалӣ низ дорад. نَتَّبِعِ الْهُدَى مَعَكَБархе хаёл мекунанд, ки аз дин фақат дар суханрониҳои умумӣ ё минбар сухан гуфтан ва таблиғот кофӣ аст, вале дар амал ҳеқ гуна пойбандӣ ба он надоранд, балки комилан хилофи он амал мекунанд. Ин гуруҳ бидонанд, ки фақат худро фиреб ва фурсатҳоро аз даст медиҳанд, ки дигар пушаймонӣ суде надорад.
5. Ҳассосияти душманон танҳо нисбат ба роҳи ҳақ нест, балки ҳам ба роҳи ҳақ ва ҳам раҳбарии ҳақ эътироз доранд. إِنْ نَتَّبِعِ الْهُدَى مَعَكَ
6. Имон овардан, танҳо ба огоҳӣ доштан нест, балки ба ҷуръат ниёз дорад. إِنْ نَتَّبِعِ الْهُدَى مَعَكَ نُتَخَطَّفْ (Оре, гуруҳе ҳаққонияти Исломро мефаҳманд, вале ба хотири манофеи шахсӣ аз он сар боз мезананд.) Имрӯз мегӯянд, ки агар бар аҳкоми дин амал кунем моро дар ҷомеаи байналмилалӣ намепазиранд, имтиёз намедиҳанд ва фишор меоранд, вале ба ҳар қонун ва муоҳидаи ин ниҳодҳо, ки хилофи дин аст амал мекунанд.
7. Диндорӣ ҳазина ва сахтӣ ҳам дорад, вале натиҷа ва оқибати он ин сахтиҳоро осон мекунад. Кофирон ҳам чӣ дар замоне ки дар қудрат ҳастанд  ва чӣ замоне ки мехоҳанд қудратро ба даст гиранд бояд ҳазина диҳанд ва сахтӣ бикашанд. Ҳеҷ кас дар ҳеҷ ҳол аз сахтӣ ва ранҷ дар амон нест пас чӣ беҳтар, ки дар роҳи Худо ва барои ризои Худо бошад. Диндорӣ гоҳе бо оворагӣ, ҷароҳат, шаҳодат ва зиндон ҳамроҳ аст.  Кори мухолифони ҳақ фақат тӯҳмат задан аст.
8. Инсон ватандӯст аст. مِنْ أَرْضِنَا Албатта ватан агар барои Худопарастӣ бошад хеле хуб аст, вале агар ватан парастиш шавад арзиш надорад, чун дар Қуръон Худои Мутаол мегӯяд: Он чӣ дар зиндагии шумо муҳим аст бандагии ман аст агар ҷое мушкил пайдо кардед ҳамаи замин аз они Худост ҷое равед, ки дар он битавонед бандагӣ кунед.
9. Дин ба саволҳо ва шубҳаҳои мухолифон ҷавоб додааст ва роҳи ҳар гуна узрро бастааст.
10. Тарси аз даст додани неъматҳоро бо ёди алтофи Худо дафъ мекунем. أَوَلَمْ نُمَكِّنْ لَهُمْ حَرَمًا آَمِنًا Оре ёди неъматҳо омили таваккул ва рафъи нигарониҳо аст. Ҷолиб аст, ки онҳо далели напазируфтани ҳидоят ва ҳақиқатро маҳрум шудан аз сарзамин ва имконот медонанд, вале фаромӯш кардаанд, ки марг рӯзе ҳатман онҳоро аз ин доштаҳояшон ҷудо хоҳад кард ва дар марҳалаи ҳисобу китоб бо дасти холӣ ҳамеша аз саодат маҳрум мешаванд.
11. Беҳбуд, равнақ ва рушди иқтисодӣ дар гарави амният ва оромиши иҷтимоӣ аст. آَمِنًا يُجْبَى إِلَيْهِ ثَمَرَاتُ
12. Амният ва ризқ ду неъмати танзимшудаи ҳарами Худо (Макка) аст. آَمِنًا يُجْبَى إِلَيْهِ ثَمَرَاتُ كُلِّ شَيْءٍ Касоне, ки лоиқи идораи ҳарами амни Худо нестанд фикр накунанд, ки аз ин мавқеият баҳра мебаранд, чун рӯзе аз ин корашон пушаймон хоҳанд шуд.
13. Бартарии имон ба рифоҳ ва осоиш барои аксари мардум пинҳон аст. لَكِنَّ أَكْثَرَهُمْ لَا يَعْلَمُونَ Бештари мардум ба хайли аз даст надодани вазъи хуби зиндагӣ аз диндорӣ даст мекашанд ё дар амал ба он кӯтоҳӣ мекунанд, дар ҳоле ки намедонанд, ки ин кор бадбахтӣ ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аст. Куҷо шуданд, касоне, ки мехостанд хуш ва бе дарди сар бошанд?
14. Касоне, ки илму огоҳӣ ба саодат ва хушбахтии ҳақиқии худ надоранд на танҳо ҷои ҳавас хӯрдан надоранд, балки бояд аз онҳо дурӣ кард ва ба Худо паноҳ бурд.
15. Бархе бо вуҷуди фаҳм ва эътирофи ҳақ ва ҳидоят қудрат ва сарват ва ҷойгоҳи худро бо аз даст додани дин муомила мекунанд. Ин афрод илм надоранд.
16. Аксари мардум динро ба дунё мефурушанд ва илм надоранд. Пас бузург кардани аксарият ва дунболи аксарият рафтан далели ҳақ ва дуруст будан нест. Инсон бояд дунболи ҳақ ва ҳидоят бо илму огоҳӣ бошад на аксарият.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст