Худои Мутаол дар ояти 56 сураи Қасас мефармояд:
إِنَّكَ لَا تَهْدِي مَنْ أَحْبَبْتَ وَلَكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ وَهُوَ أَعْلَمُ بِالْمُهْتَدِينَ
(Эй паёмбар,) ҳамоно ту наметавонӣ ҳар касеро дӯст дорӣ ҳидоят кунӣ (ва ба мақсад бирасонӣ), балки ин Худост, ки ҳар касро бихоҳад ҳидоят мекунад ва ӯ ба роҳёфтагон огоҳтар аст.
Бидонем
Мазмуни ин оят, ки дар мақоми дилдории Паёмбар Акрам(с) аст, дар оёти дигар ва бо баёнот ва таобири мухталиф такрор шудааст, аз ҷумла:
дар сураи Юсуф мехонем:  وَمَا أَكْثَرُ النَّاسِ وَلَوْ حَرَصْتَ بِمُؤْمِنِينَ Эй Паёмбар, ҳарчанд ба ҳидояти онон ҳарис бошӣ, боз аксари мардум имон намеоваранд.
дар сураи Бақара омадааст:  لَيْسَ عَلَيْكَ هُدَاهُمْ وَلَكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ  Ҳидоятпазирии мардум бар ӯҳдаи ту нест ва Худо ҳар касеро бихоҳад ҳидоят мекунад.
Биёмӯзем
1. Масъала чиддӣ аст ва онро чиддӣ бигиред.
2. Вазифаи анбиё иблоғи паёмҳои Илоҳӣ ва ироаи роҳ аст. Пазируфтан ё напазируфтани мардум ба ӯҳдаи он бузургворон нест. إِنَّكَ لَا تَهْدِي
3. Паёмбарон барои ҳидояти мунҳарифон сӯзу шавқ доштанд.  مَنْ أَحْبَبْتَ
4. Хеле вақт чизҳоеро дӯст дорем, вале намешавад.
5. Ҳодӣ Худост. Ҳеҷ кас дар ҳеҷ мақом худро бениёз ва мустақил надонад.
6. Шумо ба вазифаатон амал кунед, Худо асаргузор аст.
7. Худо мехоҳад бандагонро ҳидоят кунад, вале маҷбур накарда пас мо ҳам бихоҳем.
8. Ҳидоят кори Худост, ки дилҳои пок ва омода онро мепазирад. وَلَكِنَّ اللَّهَ يَهْدِي
9. Хости Худованд бар асоси ҳикмат ва илми ӯст. يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ وَهُوَ أَعْلَمُ
10. Муддаиёни ҳидоят зиёданд, вале Худо медонад, ки чӣ касе воқеан аҳли ҳидоят ва наҷот аст. Мумкин аст фарде як умр ба хотири шароити хос имони худро махфӣ кунад, вале чун ба вазифааш амал кардааст аҳли ҳидоят ва наҷот аст ва мумкин аст фарде як умр иддаои имон кунад, вале дар ҳақиқат мӯъмин набошад, ки дар ин сурат ҷуз риё ва мардумфиребӣ коре накарда ва аз ҳидоят ва саодат маҳрум аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст