Худои Мутаол дар ояти 53 ва 54 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَإِذَا يُتْلَى عَلَيْهِمْ قَالُوا آَمَنَّا بِهِ إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّنَا إِنَّا كُنَّا مِنْ قَبْلِهِ مُسْلِمِينَ
Ва замоне ки (Қуръон) бар онон тиловат шавад, гӯянд: Мо ба он имон овардем, ҳамоно он, ҳаққе аст аз тарафи Парвардигори мо (ва) мо пеш аз ин (низ) аҳли таслим будаем.
أُولَئِكَ يُؤْتَوْنَ أَجْرَهُمْ مَرَّتَيْنِ بِمَا صَبَرُوا وَيَدْرَءُونَ بِالْحَسَنَةِ السَّيِّئَةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
Онон ба хотири сабрашон ду баробар подош дода мешаванд. Ва (ононанд, ки) бадиҳоро бо некиҳо дафъ мекунанд ва аз он чи рӯзии онон кардаем (ба дигарон) инфоқ менамоянд.
Биёмӯзем
1. Баъзе хоҳони ҳақ ва ба дунболи ҳақ ҳастанд ва таваҷҷӯҳе ба ин ки чӣ касе, аз чӣ нажоде ва бо чӣ забоне онро мегӯяд надоранд.إِذَا يُتْلَى قَالُوا آَمَنَّا  Феъли يُتْلَى  ба сурати ношинос омадааст яъне гӯянда матраҳ нест, вале баҳонагирҳо ё касоне, ки бо ҳақ мухолиф ва пайрави ҳаво ва ҳаваси худ ва шайтон ҳастанд аз ҳар роҳе барои бадном кардан ва напазируфтани ҳақ истифода мекунанд ва онро бегона ва зарарнок мегӯянд.
2. Сухани Худои ҳақ ҳамеша бояд гуфта ва таблиғ шавад. Феъли музореъ давом ва модаи тиловат пушти сари ҳам анҷом доданро мефаҳмонад. يُتْلَى
3. Тиловат ва талиғи дастурҳои Худо масълиятовар аст. عَلَيْهِمْ
4. Гуфторҳо нишонаи навъи шахсият ва бархурд бо даъват аст. قَالُوا آَمَنَّا بِهِ
5. Мавқеият ва имони худро баён кунед. قَالُوا آَمَنَّا بِهِ
6. Ҳунар ин аст, ки дар баробари ҳақ имон биёрем ва таслим шавем на баҳонагирӣ ва мухолифат кунем. إِذَا يُتْلَى قَالُوا آَمَنَّا 
7. Агар рӯҳ пок бошад бо шунидани ҳақ имон меоварад. يُتْلَى آَمَنَّا   Баръакс агар замина фароҳам набошад, бо тиловати пайваста ҳам умеде ба имон нест. Дар пазириш ё напазируфтани амри Худо имон ва иддаои афрод шинохта мешавад. Айб дар рӯҳияи мост на барномаи Худо
8. Имоне арзиш дорад, ки бар асоси маърифат ва шинохти ҳақ бошад. آَمَنَّا بِهِ إِنَّهُ الْحَقُّ Ба амри Худо ба унвони ҳақ бояд нигоҳ ва амал кард на ба унвони урфу одат.
9. Шароит ва заминаҳои афрод дар дарёфти алтофи Худо фарқ доранд. يُؤْتَوْنَ أَجْرَهُمْ مَرَّتَيْنِ بِمَا صَبَرُوا Тааҷҷуб накунед агар бархе бо вуҷуди иддаои имон ва ислом боз ошкоро зидди дин сухан мегӯянд ва бо он мубориза мекунанд. Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст.
10. Пазириши ҳақ ниёз ба сабр дар муқобили анвоъи интиқодҳо ва мушкилот дорад. Шайтонҳои инсонӣ ва ҷиннӣ ҳамеша зидди ҳақ кору талош ва барои мунҳариф кардани дигарон аз ҳамаи тавони худ баҳрабардорӣ мекунанд, вале оқибати кор муҳим аст, ки бо сабр мешавад ба даст овард. بِمَا صَبَرُوا يُؤْتَوْنَ أَجْرَهُمْ قَالُوا آَمَنَّا
11. Гузашт аз бадиҳои дигарон ва инфоқ ба онон дар сурате арзиш дорад, ки хислат ва хӯи инсонӣ бошад.يَدْرَءُونَ يُنْفِقُونَ  (феъли музореъ нишонаи давом ва истимрор аст.) Оре, мӯъминоне қобили ситоишанд, ки дорои пуштикор, гузашт ва аҳли бахшиш бошанд. Талоши шумо ба нафъи худи шумост бино бар ин ба ҷои ноумедӣ бояд дар муқобили шаётин талоши шабонарӯзӣ кард.
12. Агар бидонем, ки ризқ аз тарафи Худост, инфоқ барои мо осон мешавад. مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
13. Мавриди инфоқ танҳо мол нест, аз илм, тавон ва обрӯ низ бояд барои ҳифзи дини худ, кӯмак ба мӯъминон ва тарвиҷи арзишҳои инсонӣ ва имонӣ бояд баҳра бурд. مِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنْفِقُونَ
14. Ҳамаи доштаҳоро набояд ва наметавон инҷо барои худ сарф кард, балки миқдореро бояд пасандоз кард то дар рӯзи дигар дастхолӣ набошем. Оё ононе, ки бо хиёнат, ҷиноят ва зулм аз роҳи ҳаром сарвати зиёдро соҳиб мешаванд метавонанд ҳамаашро сарф кунанд ё дар банкҳо нигаҳдорӣ мегузоранду дастхолӣ мераванд. Дар рӯзи қиёмат ба дӯзахиён гуфта мешавад: Шумо саҳмияи дилкаши худро дар дунё тамом кардед ва инак маҳрумед. Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд: Дар (дороии) ҳалоли дунё ҳисоб ва дар ҳаромаш иқоб аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст