Худои Мутаол дар ояти 51 ва 52 сураи Қасас мефармояд:
وَلَقَدْ وَصَّلْنَا لَهُمُ الْقَوْلَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ва мо пайваста барои онон сухан гуфтем (ва оёти Қуръонро барояшон нозил кардем) шояд, ки панд гиранд ва мутазаккир шаванд.
الَّذِينَ آَتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ مِنْ قَبْلِهِ هُمْ بِهِ يُؤْمِنُونَ
(Бархе аз) онон, ки пеш аз ин (Қуръон) китобашон додем, ҳамоно ба он (Қуръон) имон меоваранд.
Бидонем
Калимаи вассално وَصَّلْنَا аз васл وَصل ба маънои иртибот додан ва пайванд кардан аст. Мурод аз ин иттисол ё пай дар пай будан тазаккурот аст ё ҳамоҳангӣ ва ҳамсӯии матолибе, ки ироа мешавад.
Аз суннатҳои Худованд ҳидояти инсонҳост, ки лаҳзае қатъ намешавад (Сураи Лайл, ояти 12) ва аз тариқи оёти илоҳӣ, анбиё ва авсиё(а) ва уламои дин, идома меёбад; وَصَّلْنَا لَهُمُ ва чунончи минтақае, ки ба ин ҳидояти илоҳӣ дастрасӣ надошт, мебоист гуруҳе аз он минтақа барои фаҳми амиқи дин куч кунанд ва баргарданду мардумро аз он баҳраманд созанд. (Сураи Тавба, ояти 122)
Биёмӯзем
1. Ҳуҷҷат барои ҳама тамом шудааст ва касе узр надорад.
2. Дар тарбият бояд тазаккурот тадриҷӣ, гом ба гом, такрорӣ ва мутанаввеъ бошад. وَصَّلْنَا (Оре бо як ё ду тазаккури мухтасар набояд интизори ислоҳ ва тарбият дошт.)
3. Оёти Қуръон дорои як навъ ҳамсӯӣ ва пайвастагӣ аст. وَصَّلْنَا لَهُمُ الْقَوْلَ
4. Ҳамаи оёти илоҳӣ, кутуби осмонӣ ва раҳбарони динӣ як ҳарф ва ҳадафро дунбол мекунанд. وَصَّلْنَا لَهُمُ الْقَوْلَ
5. Инсон, мавҷуди фаромушкор аст ва ниёз ба тазаккур дорад. يَتَذَكَّرُونَ
6. Лутфи Худо дар фиристодани китоб ва паёмбар сабаби маҷбур кардани нест, балки худашон бояд бипазиранд.
7. Сарчашмаи китобҳо ва паёмбарон Худои воҳид аст.
8. Аҳли китоби воқеӣ касоне ҳастанд, ки бо дидани Ислом, имон меоваранд. الَّذِينَ آَتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ بِهِ يُؤْمِنُونَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст