Худои Мутаол дар ояти 50 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَإِنْ لَمْ يَسْتَجِيبُوا لَكَ فَاعْلَمْ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهْوَاءَهُمْ وَمَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ اتَّبَعَ هَوَاهُ بِغَيْرِ هُدًى مِنَ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Пас агар (хоста ва пешниҳод) туро напазируфтанд, бидон, ки онон пайрави ҳавасҳои нафсонии хешанд ва кист гумроҳтар аз он касе, ки бе (пазириши ҳақ ва таваҷҷӯҳ ба) ҳидоят ва раҳнамоии Худо, аз ҳаваси худ пайравӣ намояд? Ҳамоно Худованд қавми ситамгарро ҳидоят намекунад.
Бидонем
Барои инсон се душмани маънавӣ шуморидаанд: ҷилваҳои дунявӣ, хостаҳои нафсонӣ ва васвасаҳои шайтонӣ. Дар ин миён дунё ва ҷилваҳои он ҳамчун калиде аст, ки бо ҳаракат ба як сӯй, дарро боз мекунад ва бо ҳаракат ба сӯи дигар мебандад, яъне ҳам метавонад аз он баҳраи хуб гирифт ва ҳам метавон онро дар роҳи бад ба кор бурд.
Васвасаҳои шайтонӣ низ агарчи нақшофарин ҳастанд, вале инсонро ба гуноҳ маҷбур намекунанд, илова бар ин ки, шайтон дар дили авлиёи Худо роҳи нуфуз ва тасаллут надорад, аммо душмани дувуме, ки аз ҳама бадтар аст, ҳавоҳо ва хостаҳои нафсонӣ аст, ки хатарноктарин душмани инсон ба шумор меравад.
Биёмӯзем
1. Гоҳ ҳавопарастӣ бо таблиғот, тавҷеҳот, муғолитакорӣ ва тарафдории аксарият чунон ҷилва мекунад, ки шинохти он басират ва диққати лозим ниёз дорад. فَاعْلَمْ
2. Он ҷо ки ҳидоятпазирӣ набошад, ҳавопарастӣ ҳоким аст.لَمْ يَسْتَجِيبُوا يَتَّبِعُونَ أَهْوَاءَهُمْ
3. Бо вуҷуди баён ва ҳимояти ҳақ гуруҳе ҳақро намепазиранд, вале ин ҳақиқатро бидонед ва ин кор шуморо аз пайравии ҳақ берун накунад. لَمْ يَسْتَجِيبُوا
4. Худои Мутаол ҳақиқатро баён мекунад, то решаи афрод ва назарияҳоро бишиносем.
5. Мункирони ҳақ ва ҳавопарастон гумроҳтарини мардум ҳастанд. مَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ اتَّبَعَ هَوَاهُ
6. Инсон ё Худопараст аст ё ҳавои нафспараст, ки албатта ба пайравӣ аз шайтон тамом мешавад. اتَّبَعَ هَوَاهُ
7. Дар сураи Ҳамд ҳар рӯз дар намоз борҳо аз Худо мехоҳем, ки мо намехоҳем аз гумроҳон бошем ва аз ин гуруҳ безорем. Яке аз гумроҳон ва гумроҳтарин кас пайрави ҳавои нафс аст, ки ҷиддӣ бояд аз он парҳез кунем. مَنْ أَضَلُّ مِمَّنِ اتَّبَعَ هَوَاهُ
8. Ҳидояти воқеӣ ҳидояте аст, ки аз илм ва ҳикмати бениҳоятт сарчашма гирифта бошад. هُدًى مِنَ اللَّهِ
9. Ҳавопарастӣ зулм аст ва ҳавопарастон аз ҳидояти Худо маҳруманд. إِنَّ اللَّهَ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ
Маҳрумияти золимон
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1136