Худои Мутаол дар ояти 48 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَلَمَّا جَاءَهُمُ الْحَقُّ مِنْ عِنْدِنَا قَالُوا لَوْلَا أُوتِيَ مِثْلَ مَا أُوتِيَ مُوسَى أَوَلَمْ يَكْفُرُوا بِمَا أُوتِيَ مُوسَى مِنْ قَبْلُ قَالُوا سِحْرَانِ تَظَاهَرَا وَقَالُوا إِنَّا بِكُلٍّ كَافِرُونَ
Пас ҳар гоҳ аз ҷониби мо (оёти) ҳақ барои онон омад, гуфтанд: Чаро он чи (ба ин паёмбар) дода шуда, шабеҳи он чи ба Мусо дода шуда нест? (Чаро муъҷизоте мисли табдили асо ба аждаҳо ва ё нузули дафъии китоб, мисли Таврот, ки қобили мушоҳида бошад надорад?! Аммо) магар (ҳамин кофирони лаҷуҷ ва баҳонагир) ба ончи қаблан ба Мусо дода шуда буд, куфр наварзиданд? (Магар онҳо набуданд, ки) гуфтанд: (Ин ду китоб Таврот ва Қуръон) сеҳрҳое ҳастанд, ки пуштибони якдигаранд ва (низ) гуфтанд: Ҳамоно мо ба ҳамаи онҳо кофирем?!
Бидонем
Дар ин ки он ду ишора ба кадом ду чиз аст, эҳтимолоти зиёде дода шуда, ки бо таваҷҷӯҳ ба ояти баъд маълум мешавад, ки мурод Қуръон ва Таврот аст.
Биёмӯзем
1. Рисолати Паёмбари Худо(с) дар Қуръон ҳақ аст. لَمَّا جَاءَهُمُ الْحَقُّ - لَوْلَا أَرْسَلْتَ إِلَيْنَا رَسُولًا
2. Ҳақ ба суроғи мардум меояд то ҳуҷҷат тамом шавад.
3. Мункирони ҳақ ба ҷои таваҷҷӯҳ ба ҳаққоният, танҳо ба муқоисаҳои беасос ва ботил назар доранд. لَوْلَا أُوتِيَ مِثْلَ مَا أُوتِيَ -  جَاءَهُمُ الْحَقُّ
4. Афродро бо баёни назарашон бояд бишиносем.
5. Афроди мутаҳаҷҷир ҳозир ба пазириши сухани нав ва мантиқӣ нестанд. لَوْلَا أُوتِيَ مِثْلَ مَا أُوتِيَ مُوسَى
6. Бо савол афродро водор ба фикр, тасмимгирӣ ва посухгӯӣ кунед.
7. Даъвати Расули Худо(а) дар рӯҳу ҷон таъсир мегузорад.
8. Муттаҳам кардан ва кофир шудани афрод дар баробари сухани ҳақ собиқа дорад.
9. Сеҳр ва соҳирӣ шоеътарин тӯҳмате аст, ки ба анбиё нисбат дода мешавад. سِحْرَانِ (Мункирони баҳонаҷӯ изҳор медоштанд, ки ин Қуръон ва он Таврот, ду китоби сеҳранд, ки аз якдигар пуштибонӣ мекунанд.)
10. Бештари баҳонагирон дорои собиқаи бад ҳастанд. Хеле вақт касоне аз дин, мазҳаб ё пайравони он танқид мекунанд, ки худашон пойбанд ба он нестанд. أَوَلَمْ يَكْفُرُوا مِنْ قَبْلُ
11. Душманон мантиқ ва калимаи ҳақро хадшадор мекунанд, то роҳро барои инкори худ боз кунанд. سِحْرَانِ إِنَّا بِكُلٍّ كَافِرُونَ
12. Баҳонагирон ҳеҷ вақт ҳақро намепазиранд. كَافِرُونَ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст