Худои Мутаол дар ояти 46 сураи Қасас мефармояд:
وَمَا كُنْتَ بِجَانِبِ الطُّورِ إِذْ نَادَيْنَا وَلَكِنْ رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ لِتُنْذِرَ قَوْمًا مَا أَتَاهُمْ مِنْ نَذِيرٍ مِنْ قَبْلِكَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ва он гоҳ ки мо Мусоро нидо додем ту дар канори куҳи Тур набудӣ, лекин ин ваҳй ва иттилоъ аз ахбори гузаштагон раҳмате аз ҷониби Парвардигор ту аст, то ту ба воситаи он қавмеро, ки пеш аз ту ҳушдордиҳандае барояшон наёмада буд ҳушдор диҳӣ шояд онон мутазаккир шаванд.
Биёмӯзем
1. Лаҳзае, ки Худои Мутаол ҳазрати Мусоро нидо дод бояд фаромӯш нашавад, чун ӯ ҳам вазифаи инзорро дошт ва касоне, ки иддао мекунанд, ки мо пайрави ӯ ҳастем бояд ёдашон биёяд, ки роҳ ва вазифаи ҳазрати Мусо (а) ҳам ҳамин буд. Лаҳзаи ваҳйи Худо ба ҳазрати Муҳаммад(с) ва баёни он низ бояд қадрдонӣ шавад ва ба фармудаҳои ҳазрат амал гардад.
2. Муқоиса байни ҷаҳлу илм, аҷзу қудрат, фақру ғино ва нақсу камол калиди худшиносӣ ва худохоҳӣ аст. مَا كُنْتَ ... لَكِنْ رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ
3. Хотироти қуръонӣ ҳамагӣ аз сарчашмаи ваҳй аст.مَا كُنْتَ إِذْ نَادَيْنَا
4. Баёни достонҳои ҳақиқӣ ва ибратомузи Қуръон, василае барои раҳмат, тарбият ва ҳушдор аст. رَحْمَةً مِنْ رَبِّكَ لِتُنْذِرَ
5. Баёни ҳақиқат ба Паёмбари Аъзам(с) аз гузаштагон масълият дорад ва ӯ бояд бигаронро ҳушдор диҳад.
6. Баёни ҳақиқатҳое аз рӯзгори гузаштагон барои саргармӣ ва беҳуда нест, балки бояд аз он ибрат гирифт ва ёд овард, ки неъматҳоро бояд қадр донист, вагарна оқибати хубе надорад.
7. Барои ҳидояти афроди ғофил, инзор ва ҳушдор, корсозтар аст. لِتُنْذِرَ -مِنْ نَذِيرٍ (Бо ин ки рисолати паёмбарон дар қолиби маҷмӯае аз башорат ва инзорҳо аст, вале аз он ҷо ки инзор асари бештаре дар рӯҳҳои ғафлатзада дорад, дар Қуръон таваҷҷӯҳи бештаре ба масъалаи инзор шудааст.)
8. Паёмбари Ислом (с) охирин паёмбар аст. Борҳо дар Қуръон пеш аз ту омадааст, вале ягон бор баъд аз ту наёмадааст. مِنْ قَبْلِكَ
9. Мардум дар интихоби роҳ ва ақида озоданд ва иҷборе дар пазириши даъвати паёмбарон надоранд. لِتُنْذِرَ لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
10. Инсонҳо, ба воситаи фитрат масоилеро дар замири хеш медонанд, вале барои пешгирӣ аз фаромушӣ, бояд онҳоро ёдоварӣ кард. يَتَذَكَّرُونَ
11. Худо ёдоварӣ мекунад, барномааш ёдоварӣ аст, расулаш ёдоварӣ мекунад ва ҳушдор медиҳад, вале инсонҳо худ бояд тасмим бигиранд ва амал кунанд.
12. Худованд бандагони худро дӯст дорад, бино бар ин илоҷи воқеа реш аз вуқӯъ онҳоро ҳушдор медиҳад то аз бадоқибатии дигарон ибрат бигиранд ва худро наҷот диҳанд.
Ҳушдор-ҳушдор!
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1071