Худои Мутаол дар ояти 45 сураи Қасас мефармояд:
وَلَكِنَّا أَنْشَأْنَا قُرُونًا فَتَطَاوَلَ عَلَيْهِمُ الْعُمُرُ وَمَا كُنْتَ ثَاوِيًا فِي أَهْلِ مَدْيَنَ تَتْلُو عَلَيْهِمْ آَيَاتِنَا وَلَكِنَّا كُنَّا مُرْسِلِينَ
Вале мо ақвомеро дар асрҳои мухталиф халқ кардем пас замонҳои тулонӣ бар онҳо гузашт ва осори анбиё аз дилҳояшон маҳв шуд, пас туро бо китоби осмонӣ ба сӯи мардум фиристодем ва ту дар миёни аҳли Мадян иқомат надоштӣ, то аз вазъи онон огоҳ бошӣ ва битавонӣ оёти моро перомуни мардуми Мадян бар онон, мардуми Макка бихонӣ, лекин ин мо будем, ки туро фиристодем ва ахбори қарнҳои пешинро дар ихтиёри ту қарор додем.
Бидонем
Калимаи совиян ثَاوِيًا аз моддаи савий ثَوِي ва ба маънои муқим мебошад, чунонки калимаи масво مثوی аз ҳамин модда ба маънои ҷойгоҳ ва қароргоҳ аст.
Биёмӯзем
1. Агар ёду хотираи кӯмакҳои ғайбии Худо, зулму инҳирофи тоғутҳо ва вазъи худопарастон ва нақши раҳбари осмонӣ ёдоварӣ нашавад ҳама чиз фаромӯш мешавад.
2. Умри тулонӣ ва фосилаи зиёд аз неъматҳо боиси ғафлат ва фаромӯш кардани неъматҳо мешавад.
3. Агар ваҳй набуд хеле аз ахбор ва таърихи ҳақиқии гузаштагон ба дасти мо намерасид.
4. Аз таърих маворидеро бигӯед ва барҷаста кунед, ки барои сарнавишти наслҳои баъд ибратомӯз ва роҳкушо бошад.
5. Гузашти замон осори анбиёи гузаштаро камранг ва заминаро барои омадани Паёмбари Ислом(с) фароҳам кардааст. فَتَطَاوَلَ عَلَيْهِمُ الْعُمُرُ ...كُنَّا مُرْسِلِينَ
6. Беъсат аз суннатҳои Худованд аст. كُنَّا مُرْسِلِينَ
7. Рисолат лутф ва неъмати бузурги Худост. كُنَّا مُرْسِلِينَ
8. Анбиё бе робита ба олами ваҳй ҳамчун дигар мардум ахбори ғайбиро намедонанд. مَا كُنْتَ...
9. Фиристодани расул ва ёдоварии ҳақиқатҳо ва ибратҳо ва роҳи хушбахтӣ ва содат аз лутфҳои Худои Мутаол аст. كُنَّا مُرْسِلِينَ
10. Ҳамаи ният, гуфтор ва рафторҳо сабт мешавад, пас ҳушёр бошем.
11. Баъзе аз ҳақиқатҳо шояд баъд аз қарнҳо мунташир шавад.
12. Ба ин паёмбаре, ки шуморо бо ҳақоиқи гузашта барои равшан шудани роҳи оянда ошно мекунад имон биёрем ва қадри ӯро бидонем.
Лутфи Худо
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1030