Худои Мутаол дар ояти 43 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَلَقَدْ آَتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ مِنْ بَعْدِ مَا أَهْلَكْنَا الْقُرُونَ الْأُولَى بَصَائِرَ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَرَحْمَةً لَعَلَّهُمْ يَتَذَكَّرُونَ
Ва ба таҳқиқ баъд аз он ки наслҳои нахустинро нобуд сохтем, ба Мусо китоб (-и осмонии Тавротро) ато кардем, (то василае) барои басират ва биниши мардум ва ҳидоят ва раҳмат бошад. Умед аст, ки онон панд гиранд.
Бидонем
Калимаи басоир بَصَائِر" “ ҷамъи басират "بصیرت"  ба маънои биниш ва огоҳӣ ва калимаи абсор ابصار" " ҷамъи басар "بصر" ба маънои чашм аст.
Биёмӯзем
1.Бо шикасти тоғут замина барои солеҳон фароҳам мегардад. آَتَيْنَا مُوسَى الْكِتَابَ مِنْ بَعْدِ مَا أَهْلَكْنَا
2.Поёни кори мустакбирон ҳалокат ва нобудӣ аст. أَهْلَكْنَا الْقُرُونَ الْأُولَى
3.Диндорӣ бояд бар асоси басират ва огоҳӣ бошад. بَصَائِرَ
4.Аҳкоми Худо мояи раҳмат барои мардум аст. لِلنَّاسِ...َرَحْمَةً
5.Китобҳои осмонӣ омили басират ва ҳидоят ҳастанд. بَصَائِرَ لِلنَّاسِ وَهُدًى
6.То инсон басират ва биниши дуруст пайдо накунад, ҳидоят намешавад ва то ҳидоят нашавад, лутф ва раҳмати илоҳиро дарёфт намекунад. بَصَائِرَ لِلنَّاسِ وَهُدًى وَرَحْمَةً
7.Дин ҷузъи фитрати инсонҳост ва кутуби осмонӣ он фитратро ғуборзудоӣ мекунанд. يَتَذَكَّرُونَ
8. Худои Мутаол вазифаи худро бо фиристодани китоб –нақшаи роҳ- ва паёмбар –роҳнамо- анҷом додааст ва ончиро ки барои басирату огоҳӣ ва ҳидоят лозим будааст дар ихтиёри инсонҳо қарор додааст то панд гиранд, ба ёд оранд ва худро ба саодат бирасонанд. Бино бар ин далеле бар маҷбур кардани онҳо нест, балки мо бояд бо интихоб ва ҳаққи ихтиёри худ ба вазифаи худ амал кунем, ки пазириш ва итоат аз дастури Худо аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст