Худои Мутаол дар оёти 41-42 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ لَا يُنْصَرُونَ
Онон (фиръавниён)-ро пешвоёне гардондем, ки ба оташи дӯзах даъват мекунанд ва (албатта дар) рӯзи қиёмат, ёрӣ нахоҳанд шуд.
وَأَتْبَعْنَاهُمْ فِي هَذِهِ الدُّنْيَا لَعْنَةً وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ هُمْ مِنَ الْمَقْبُوحِينَ
Ва дар ин дунё, лаънатро ба дунболи онон кардем ва рӯзи қиёмат онон аз зиштчеҳрагон хоҳанд буд.
Бидонем
Қуръони Маҷид ҳамчунон ки дар мавриди пешвоёни ҳидоят ва нур калимаи “аимма”-ро ба кор бурдааст,” وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا “ ин калимаро бар пешвоёни залолат ва нор низ гуфтааст, “وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ ”ва аз ин рӯ аст, ки дар қиёмат, ҳар кас бо раҳбаре, ки дар дунё интихоб кардааст дар додгоҳи адли Худо ҳозир мешавад.
 يَوْمَ نَدْعُوا كُلَّ أُنَاسٍ بِإِمَامِهِمْ  Фиръавн низ ба унвони яке аз ҳамин пешвоён дар он рӯз қавмашро ба дӯзах ворид мекунад. يَقْدُمُ قَوْمَهُ يَوْمَ الْقِيَامَةِ فَأَوْرَدَهُمُ النَّارَ
Биёмӯзем
1. Эҳтиёт кунем ва бидонем, ки ду навъ пешво дорем: пешвои нур ва пешвои нор. Касоне, ки рӯҳияи фиръавнӣ доранд пешвоёни нор ва оташанд. Пас дар интихоби пешво диққат кунем ва аз пешвоёни нор дурӣ кунем ва дунболи пешвоёни нур бошем.
2. Руҳияи истикборӣ, инсонро раҳбари дӯзахиён месозад  وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ
3. Таблиғоти мустакбирин даъват ба дӯзах аст. يَدْعُونَ إِلَى النَّارِ
4. Мустакбироне, ки имрӯз дил ба теъдод ва имконоти низомӣ ва қудрату сарват ва ҳампаймонони худ баста ва хуш карданд, дар қиёмат, бе кас ва ёвар хоҳанд буд. يَوْمَ الْقِيَامَةِ لَا يُنْصَرُونَ
5. Кайфарҳои Худо хосси охират нест, балки фиръавнҳо то қиёмат лаънат мешаванд он ҳам ба забони беҳтарин халқи Худо. وَأَتْبَعْنَاهُمْ فِي هَذِهِ الدُّنْيَا
6. Лаънат ва нафрини мардум зуҳури қаҳри Худо аст. أَتْبَعْنَاهُمْ فِي هَذِهِ الدُّنْيَا لَعْنَةً чунонки дуои хайри мардум ва номи нек нишонаи лутфи Худост.   وَاجْعَلْ لِي لِسَانَ صِدْقٍ فِي الْآَخِرِينَ
7. Нафрин бар золим ҳатто баъд аз нобудии ӯ лозим ва амри Худо ва вазифаи мӯъмин аст أَتْبَعْنَاهُمْ ... لَعْنَةً
8. Зишткориҳои дунявӣ ба зиштрӯиҳои ухравӣ меанҷомад. يَوْمَ الْقِيَامَةِ هُمْ مِنَ الْمَقْبُوحِينَ
9. На танҳо фиръавн набошем, балки дӯстдор ва пайрави ӯ ҳам набошем, вагарна ҳамон балое, ки ба сари ӯ меояд моро ҳам фаро мегирад.
10. Фиръавнҳо оташафрӯз, хонумонсӯз ва обрӯрезанд ва ба самти оташ ва лаънат ҳаракат мекунанд. Пас бояд на танҳо бар доштаҳо ва зарқу барқи онҳо ҳасрат хӯрд, балки бояд дурӣ ва онҳоро лаън кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст