Худои Мутаол дар ояти 40 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ فَنَبَذْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ فَانْظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الظَّالِمِينَ
Пас мо (низ) ӯ ва лашкариёнашро (бо қаҳри худ) гирифтем ва ба дарё афкандем. Пас бингар, ки поёни кори ситамгарон чигуна аст.
Бидонем
“نَبَذْ”, набз яъне дур андохтани ашёи беарзиш ва бемиқдор аст.
Дар ин оят Фиръавн ва лашкараш ба чизи беарзише, ки аз замин баргирифта ва ба дарё партоб шавад, ташбеҳ шудаанд. Ин таҳқир барои он аст, ки тамоми қудратҳо дар баробари қудрат ва қаҳри Худо ночизанд.
Биёмӯзем
1.Кайфарҳои Худо хосси охират нест.(Фиръавн дар ҳамин дунё ғарқ шуд.) فَأَخَذْنَاهُ
2.Ёрони ситамкор чун дар ситам бо ӯ ҳастанд, дар ҳалокат ҳам бо ӯ шариканд. فَأَخَذْنَاهُ وَجُنُودَهُ
3.Саранҷоми мустакбирон зиллат ва гирифтори дар қаҳри Худо аст. نَبَذْنَاه
4.Ба ҳаводиси таърихӣ ба дидаи ибрат бингарем. فَانْظُرْ
5.Ситамгарон сарнавишти муштарак доранд. عَاقِبَةُ الظَّالِمِينَ (ба ҷои оқибати Фиръавн фармуд, оқибати ҳамаи ситамгарон чунин аст.)
6.Муҳим оқибати кор аст на ҷилваҳои зудгузари он. فَانْظُر... عَاقِبَةُ الظَّالِمِينَ
Саранҷоми золимон
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1085