Худои Мутаол дар ояти 39 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَاسْتَكْبَرَ هُوَ وَجُنُودُهُ فِى الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ وَ ظَنُّواْ أَنَّهُمْ إِلَيْنَالَا يُرْجَعُونَ
Ӯ (Фиръавн) ва сипоҳиёнаш ба ноҳақ дар замин такаббур варзиданд ва пиндоштанд, ки онон ба сӯи мо бозгардонда намешаванд.
Биёмӯзем
1. Мардум аз ҳокимон пайравӣ мекунанд. «استكبر هو و جنوده»
2. Фиръавн cифати шайтонӣ дорад. Шайтон ҳам истикбор кард. استكبر
3. Фиръавн ба лашкар ва неруҳои низомияш такя дорад. Неруҳои низомӣ дар гуноҳон ва сифатҳо ва оқибати Фиръавн шарик ҳастанд. استكبر هو و جنوده
4. Фиръавн дар як гӯшаи замин ба сурати муваққат ва маҳдуд ҳоким шуд худро бузург дид, дар ҳоле ки ҳамаи ҳастӣ аз они Худо аст. فِى الْأَرْضِ
5. Меъёри ситоишҳо ва интиқодҳои Қуръон ҳақ аст«بغير الحقّ»
6. Ғафлат аз гузаро будани дунё ва гумон ба ҷовидонагӣ, заминасози рӯҳияи истикборӣ аст . «وظنّوا أنّهم الينا لا يرجعون»
7. Эътиқод ва таваҷҷӯҳ надоштан ба қиёмат ва ҳисобу китоби он заминаи шаклгирии истикбор аст «لايرجعون»
8. Корҳои фиръавниён бар асоси гумон аст. ظَنُّواْ
9. Аз Фиръавн ва лашкари ӯ метавон наҷот ёфт, вале ҳама ба сӯи Худо бармегарданд ва бояд барои амалҳои худ посух диҳанд. وَ ظَنُّواْ أَنَّهُمْ إِلَيْنَالَا يُرْجَعُون
10. Бояд гуфтор ва рафтори фиръавниро шинохт ва аз он дурӣ кард. (ҳамаи оят)