Худои Мутаол дар ояти 38 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَقَالَ فِرْعَوْنُ يَأَيُّهَا الْمَلَأُ مَا عَلِمْتُ لَكُم مِّنْ إِلَهٍ غَيْرِى فَأَوْقِدْ لِى يَهَمَنُ عَلَى الطِّينِ فَاجْعَل لِّى صَرْحاً لَّعَلِّى أَطَّلِعُ إِلَى‏ إِلَهِ‏مُوسَى‏ وَإِنِّى لَأَظُنُّهُ مِنَ الْكَذِبِين
Ва Фиръавн гуфт: Эй бузургони қавм, (агарчи) ман ҷуз худам маъбуде барои шумо намешиносам (аммо барои таҳқиқи бештар) эй Ҳомон, бар ман оташе бар гил бияфруз (ва хишт таҳия кун.) Пас бурҷе баланд барои ман бисоз, шояд (бо боло рафтан аз он) ба Худои Мусо даст ёбам. Ва ҳамоно ман ӯро аз дурӯғгӯён мепиндорам.
Бидонем
Калимаи сарҳ «صَرح» ба маънои сохтмони баланд аст. Ин оят нишон медиҳад, ки дар Мисри қадим, ҳам кураҳои хиштпазӣ буда ва қудрати сохтани бурҷ доштанд.
Биёмӯзем
1. Аз гуфтаҳои душманон ғофил нашавем. قَالَ فِرْعَوْنُ
2. Рӯҳияи фиръавниро бишиносем. قَالَ فِرْعَوْنُ
3. Рӯҳияи истикборӣ монеи пазириши ҳақ аст. Фиръавн гуфт: Ҷуз худам ҳеҷ худое барои шумо намешиносам. «ما علمت لكم من اله غيرى»
4. Фиръавн ба чеҳраҳои даҳан ва чашм пуркун такя дорад.
5. Мустакбирон, ақоид ва афкори худро бар дигарон таҳмил мекунанд. «ما علمت لكم من اله»
6. Яккатозӣ ва нафйи дигарон рӯҳияи фиръавнӣ аст. ما علمت لكم من اله غيرى
7. Шиори мустакбирон ин аст: Ҳар чиро ман нашиносам, пас вуҷуд надорад. «ما علمت...»
8. Дили Фиръавн ба вазири дифоъ ва неруҳои низомиаш гарм аст. يَهَمَنُ
9.  Тамаъи дидани Худованд бо чашми зоҳирӣ, тафаккури фиръавнӣ аст. «اَطّلع الى‏اله موسى»
10. Қудратнамоӣ, авомфиребӣ бо қиёфаи таҳқиқ ва баррасӣ ва мунҳариф кардани афкори умумӣ, аз шеваҳои мустакбирон аст. «فاوقد لى يا هامان...»
11. Мустакбирон, худро меҳвари ҳама чиз медонанд. (Фиръавн ба ҳар муносибате худро матраҳ мекард.)«ما علمتُ - غيرى - أوقد لى - فاجعل لى - لعلّى اطّلع - اِنّى لاظّنه»
12. Фиръавниён бо бурҷсозӣ, дабдабаву кабкаба баланд бардоштани бархе чизҳо фақат ба фикри фиреб додани мардум ҳастанд. فَاجْعَل لِّى صَرْحاً
13. Фиръавниён суханони худро ҷиддӣ баён мекунанд, то худро ҳақ ҷилва диҳанд. وَإِنِّى لَأَظُنُّهُ مِنَ الْكَذِبِين
14. Тӯҳмат задан ва дурӯғгӯ хондаи мардони солеҳ ва бандагони Худо шеваи фиръавниён аст. وَإِنِّى لَأَظُنُّهُ مِنَ الْكَذِبِين

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст