Худои Мутаол дар ояти 37 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَ قَالَ مُوسَى رَبِّى أَعْلَمُ بِمَن جَآءَ بِالْهُدَى مِنْ عِندِهِ وَمَن تَكُونُ لَهُعَقِبَةُ الدَّارِ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الظَّلِمُونَ«37»
Ва Мусо (дар посухи такзиби фиръавниён) гуфт: Парвардигори ман ба касоне, ки аз ҷониби ӯ омаданд, огоҳтар аст ва (медонад) саранҷоми (неки) охират барои чӣ касоне аст. Ҳақиқат ин аст, ки ситамкорон растагор нахоҳанд шуд.
Нуктаҳо
Дар ояти қабл омад, ки фиръавниён бо густохии комил, муъҷизоти Илоҳиро сеҳр муаррифӣ карда ва изҳор доштанд, ки мо дар таърихи ниёконамон чунин ҳарфҳое нашунидаем. Дар ин оят ҳазрати Мусо(а) бо киноя ба онон мефармояд: Шумо дурӯғ мегӯед, зеро қабл аз ман, касоне ҳамчун Юсуф(а) чароғи ҳидояти ниёкони шуморо дар даст дошта ва дини Иброҳимро тарвиҷ мекардаанд.
Биёмӯзем
1 Ба таблиғоти гумроҳкунандаи фиръавнӣ посух диҳед. قالوا....قال
2. Сухани ботилро рад кунед ва худро аз тӯҳмат дур намоед. جَآءَ بِالْهُدَى... ما هذا الاّ سحر
3. Иддаои пучро бо шиорҳои Илоҳӣ беасар созем. «ما هذا الاّ سحر... ربّى اعلم»
4. Шумо ба илми худ такя кардед, дар ҳоле ки ман ба илми Парвардигор истинод мекунам. ما علمنا.... ربی اعلم
5. Дар баробари такзиби куффор, ки муъҷизотро сеҳр мехонанд, бояд ба Худо таваккул кард. «ما هذا الاّ سحر... ربّى اعلم...»
6. Он чӣ муҳим аст ҳидояти Худо аст на расму оини гузаштагон. رَبِّى أَعْلَمُ بِمَن جَآءَ بِالْهُدَى
7. Худованд, ҳеҷ гуруҳеро бе раҳбар ва роҳнамо нагузошта аст. «ربّى اعلم بمنجاء بالهُدى»
8. Ҳаракат дар роҳи ҳидояти Худо оқибати неку ҳамроҳ дорад на тафаккури фиръавнӣ «ربّى اعلم بمنجاء بالهُدى»
9. Ҳидоятёфтагон хушоқибатанд. «لهعاقبةالدّار»
10. Барномаи Худо ва фиристодагони Худо ҷомеъ ва комил аст чун ҳам барои саодати имрӯз ва оянда барнома ва нигоҳ дорад.
11. Таваҷҷӯҳ ба маод, сарлавҳаи барномаҳои анбиё буда аст. «مَن تكون له عاقبة الدّار»
12. Касоне, ки анбиёро соҳир медонанд, ситамгорони бадоқибатанд. لا یفلح الساحرون
13. Охири кор муҳим аст, вагарна доштани имконоти муваққат ва азоби абадӣ ҷои ифтихор нест.
Вокуниши муҳим
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1260