Худои Мутаол дар ояти 36 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
» فَلَمَّا جَآءَهُم مُّوسَى‏ بِآيَتِنَا بَيِّنَتٍ قَالُواْ مَا هَذَآ إِلَّا سِحْرٌ مُّفْتَرىً وَ مَا سَمِعْنَا بِهَذَا فِى ءَابَآئِنَا الْأَوَّلِينَ
Пас ҳангоме ки Мусо бо (муъҷизот ва оёти равшани мо ба суроғи онон омад,) гуфтанд: Ин чизе ҷуз сеҳри сохтагӣ нест ва мо чунин чизеро дар (миёни) ниёкони худ нашунидаем.
Биёмӯзем
1. Муслиҳон ба суроғи мардум мераванд.
2. Вуҷуди далелҳои равшан кофӣ нест, балки бояд рӯҳияи ҳақпазирӣ ҳам дошт.
3. Интизор надошта бошед мустакбирон дар баробари далелҳои равшан таслим мешаванд.
4. Тӯҳмат бузуртарин абзори мустакбирон зидди муслиҳон аст.
5. Мустакбирон тӯҳмат ва дурӯғҳои худро ҷиддӣ баён мекунанд.
6. Даъвати муслиҳон ҷозиба дорад ва мустакбирон онро сеҳр мегӯянд.
7. Мустакбирон ба ҷои меъёр қарор додани ҳақ худро меъёр қарор медиҳанд.
8. Таолими паёмбарони Илоҳӣ (а) тобеи одоб ва русуми гузаштагон нест.
9. Дар пазириши ақоид мантиқ ва бурҳон меъёр аст, на сира ва равиши падарон.
10. Бархе инсонҳо, мантиқи равшанро фидои гузаштаи торик мекунанд.
11. Қарор аст мо банда Худо ва пайрави дастури ӯ бошем, на расму оини бепоя ва асоси гузаштагон. Имрӯз ҳам бо муттаҳам кардани диндорон дар амал ба арзишҳо ва аҳкоми динӣ ба бегонагароӣ ва бузург кардани оинҳои миллӣ, ки хеле вақт на танҳо реша надорад, балки бо худи рӯҳи миллӣ ҳам мухолиф аст ба мубориза бо диндорон машғул ҳастанд.
12. Мустакбирон расму оини худсохтаи гузаштагонро мепазиранд ва онро бар мардум таҳмил мекунанд ва меъёр медонанд, вале далелҳои равшани Расули Худоро сеҳри сохташуда мегӯянд.
13. Истодагӣ дар баробари далелҳои равшани ҳақ ва тӯҳмат ба он бо такя ва бузург кардани оини гузаштагон сифати фиръавнӣ аст.
14. Бояд ду ҷараёнро, ки ҳамеша дар таърих буда ва такрор мешавад хуб шинохт ва фиреби таблиғоти гумроҳкунандаи фиръавниро нахӯрд.
15. Ба хотири мухолифат ва напазируфтани ҳақ аз тарафи фиръавниҳо набояд аз ҳақ даст кашид ва ё дар он шак кард.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст