Худои Мутаол дар оёти 34 ва 35 сураи мубораки Қасас мефармояд:
وَ أَخِى هَرُونُ هُوَ أَفْصَحُ مِنِّى لِسَاناً فَأَرْسِلْهُ مَعِىَ رِدْءاً يُصَدِّقُنِى إِنِّى أَخَافُ أَنيُكَذِّبُونِ
Ва бародарам Ҳорунро, ки дар баён аз ман шевотар аст барои ёриам бо ман бифирист, то маро тасдиқ кунад, чунки метарсам, ки фиръавниён маро такзиб кунанд.
قَالَ سَنَشُدُّ عَضُدَكَ بِأَخِيكَ وَنَجْعَلُ لَكُمَا سُلْطَناً فَلَا يَصِلُونَ إِلَيْكُمَا بَِايَتِنَآ أَنتُمَا وَمَنِ اتَّبَعَكُمَا الْغَلِبُونَ
(Худованд) фармуд: Нигарон мабош! Мо бозуи туро ба воситаи ҳамроҳии бародарат маҳкам мекунем ва барои шумо бартарӣ ва тассалут қарор медиҳем. Пас ба баракати оёт ва нишонаҳои мо бар шумо даст нахоҳанд ёфт ва шумо ва ҳар касе, ки пайравиатон кунад пирӯз мебошед.
Бидонем
Ҳорун, ки дар луғат ба маънои куҳнишин ё қосид аст, бародари бузурги ҳазрати Мусо аз анбиёи Бани Исроил буда ва дар Қуръон аз ӯ ситоиш шудааст.
Ҳазрати Мусо дар анҷоми маъмурияташ аз ду чиз метарсид. Яке қисоси қатл, «اِنّى أخاف أن يقتلون» ва дигаре такзиби ҳақ. «اِنّى اَخاف أن يكذّبون»
Дар вогузории масъулиятҳои сангин, бояд ба ҳамаи абъоди шахс, таваҷҷӯҳ кард. Гарчи ҳазрати Ҳорун аз назари син ва сухан, аз ҳазрати Мусо бузургтар ва хушбаёнтар буд, вале ҳазрати Мусо ба хотири сифот ва лаёқатҳои дигаре, ки дошт, дар ин маъмурият масъул ва маъмур шуд. Ҳарчанд Ҳорун низ паёмбари Илоҳӣ буд.
Дар шеваи таблиғ, иршод, амр ба маруф ва наҳй аз мункар, гоҳе бояд афрод ду нафарӣ ё бештар иқдом кунанд. «ارسله معى»
Дар амри ба маъруф ва наҳй аз мункар, меҳвари аслӣ асар кардан аст; агар бо ишора асар мекунад, бояд ишора кард, агар фарёд асар мекунад бояд фарёд зад. Агар бо тумор ва роҳпаймоӣ ва таҳассун ва эътисоб ва таҷаммӯъ ё таҳдид ва ташвиқ, бояд ҳамонро тай кард ва ба ҳар навъи мумкин, қалбӣ ва забонӣ ва амалӣ пеши мафосидро гирифт, ҳатто агар бо такрор асар мекунад набояд амр ва наҳйро тарк кард.
Биёмӯзем
1.Иқрор ба камолоти дигарон, худ як навъ камол ва арзиш аст.«هو أفصح منّى» Ҳазрати Мусо, бо ин ки паёмбари улулазм буд, ба камоли бародараш иқрор кард.
2.Баёни равон аз авомили муассир дар ҷазби афрод ва таблиғи муваффақ аст. «هو أفصح»
3.Барои иршод ва даъват ба ҳақ аз беҳтаринҳо истифода кунем. «هو أفصح»
4.Ҳар фардеро дар ҷои худ ба кор бигирем. «هو أفصح» (Ҳорун дорои баёни шевое буд ва дар ин маъмурияти таблиғӣ, сухани расо нақши асосӣ дошт, аз ин рӯ ҳазрати Мусо аз Худованд ҳамроҳии ӯро дархост кард.)
Лозим нест, ки масъулин дар ҳамаи камолот, бартар бошанд. «هوأفصحمنّى» (Бо ин ки масъули аслӣ Мусо буд, вале дар баъзе ҷиҳот Ҳорун қавитар буд.)
5.Дар як рисолати Илоҳӣ, нафари дувумро низ Худованд таъйин фармояд. «سنشدّ عضدك بأخيك» Ҳамон гуна ки бояд ҷонишини Паёмбар(с)-ро низ Худо таъйин кунад.
6.Имом ва ҳимояти бастагон, дар пуштгармии мубаллиғ ва таъсиргузории ӯ дар дигарон, бисёр муассир аст. «أخى - يُصدّقنى»
7.Дуо ва дархости анбиё(а) қабул аст. «ارسله معى - سنشدّ عضدك» Ҳазрати Мусо аз Худованд дархост кард, то бародараш Ҳорунро ҳамроҳ ва ёвари ӯ қарор диҳад ва Худованд онро қабул кард.
8.Беҳтарин навъи бародарӣ, бародарӣ дар қабули ҳақ ва бозуи якдигар будан дар роҳи Худованд аст. «سنشدّ عضدك باخيك»
9.Пирӯзии анбиё, дар сояи оёти Илоҳӣ анҷом мешавад. «فلايَصِلون اليكما باياتنا»
10.Ҳатто анбиё ба умед ва итминони хотир ниёз доранд. Худованд ба Мусо ва Ҳорун ва пайравонаш ваъдаи пирӯзӣ дод ва ононро умедвор кард. «انتما ومَن اتّبعكما الغالبون»
Дархости муҳим
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1186