Шикаст, ҳасрат ва сӯхтан дар оташ натиҷаи харҷи кофирон
Худои Мутаол мефармояд:
إنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا يُنْفِقُونَ أَمْوالَهُمْ لِيَصُدُّوا عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ فَسَيُنْفِقُونَها ثُمَّ تَكُونُ عَلَيْهِمْ حَسْرَةً ثُمَّ يُغْلَبُونَ وَ الَّذِينَ كَفَرُوا إِلى‏ جَهَنَّمَ يُحْشَرُونَ
Дар ҳақиқат касоне, ки кофир шуданд, молҳои худро барои гирифтани пеши роҳи Худо (ва рафтани мардум ба он тараф) сарф мекунанд. Пас дар оянда низ ин гуна харҷ хоҳанд дошт. Сипас (моли сарфшуда) сабаби ҳасрати онон мегардад ва онгоҳ шикаст ме‏хӯранд. Ва касоне, ки кофир шуданд, ба сӯи дӯзах маҳшур хоҳанд шуд. Сураи Анфол, ояти 36
Бидонем
Баъзе нузули ин оятро дар бора‏и будҷаи сангине, ки куффори Макка барои ҷанги Бадр харҷ карданд, ме‏донанд, вале ояти шариф то қиёмат ҳамаи будҷа, пул ва молеро, ки барои мубориза ва муқобила бо Ислом ме‏шавад дар бар мегирад.
Такрори ҷумла‏и «касоне, ки кофир шуданд» шояд барои он бошад, ки бархе аз куффори сармоягузор, баъд мусулмон шуданд ва ҳасрати пул‏ҳои харҷшударо мехӯрданд, бархе ҳам бар куфр боқӣ монданд ва дӯзахӣ шуданд. Оре, ҷаҳаннам барои куффоре аст, ки бар куфри худ боқӣ ме‏монанд, аммо мӯъминон агар ба натиҷа ҳам нарасанд ҳасрат наме‏хӯранд, чун Худованд аҷри онҳоро ме‏диҳад.
 Биёмӯзем
1- Куффор ҳамеша барои пешгирӣ аз густариши Ислом, пулу моли худро харҷ мекунанд, вале бояд бидонанд, ки дар ниҳоят натиҷае ҷуз ҳасрат ва шикасти қатъӣ надоранд.
2- Паёмбари Аъзам (с) хабари ғайбӣ ме‏диҳад, ки дар оянда низ бар зидди Ислом сармоя‏гузорӣ хоҳанд кард, вале пирӯзӣ бо Ислом аст. Ин ҷараён идома дорад.
3- Талоши кофирон танҳо шикасти дунявӣ нест, балки азоби охиратӣ ва абадӣ низ дорад.
4- Беимонӣ ва куфр сабаби суқути инсон ва вуруди ӯ ба дӯзах аст.
5- Ин кори кофирон қатъӣ ва доимӣ аст.
6- Имрӯз садҳо шабака ва абзор барои мунҳариф ва гумроҳ кардани мусулмонон махсусан ҷавонон ва касоне, ки мехоҳанд Исломро бишиносанд барнома пахш мекунад ва сармоягузории сангин барои таблиғоти зидди исломӣ мешавад.
7- Ҳадафи аслии кофирон ва мунофиқон дар харҷ кардани пулу мол пешгирӣ ва мубориза бо роҳи Худо аст ҳарчанд дар зоҳир ва пеши камера ва таблиғот унвонҳои фиребанда ба забон биёранд.
8- Бо вуҷуди ин ҳама имконот ва пулу моле, ки харҷ мекунанд Худо барномаи онҳоро барҳам мезанад ва натиҷаи он на танҳо матлуби кофирон ва мунофиқон нахоҳад буд, балки зидди он натиҷа хоҳад дод ва ҳамин ҳасрате аст дар дунё барои онҳо ва дар қиёмат ҳам сӯхтан дар оташи ҷаҳаннам насибашон мешавад чун инҳо дар дунё бо ин пулу мол оташ бар сари мусулмонон рехтанд.
9- Мунофиқон ҳам, ки дар зоҳир изҳори Ислом мекунанд ҳақиқати куфр доранд. Онҳо аз даруни уммати исломӣ сармоя ва пулу моли мусулмононро дар ихтиёри кофирон – душманони қасамхӯрдаи Ислом – мегузоранд то ҳам аз қудрати дунёии онҳо дифоъ кунанд, ки худ куфр аст ва ҳам бо ҷараёни асили исломӣ муқобила ва мубориза кунанд, чун ҳукумати онҳо ҷое дар миёни мусулмонон надорад.
10- Кофирон ва мунофиқон бидонанд, ки ҳаводис тибқи майли онҳо нахоҳад буд. Касе, ки шикаст ва ҳасрат мехӯрад ва дар оташи абадӣ ва сӯзон хоҳад буд онҳо ҳастанд.
11- Кофирон ва мунофиқон бо харҷи пулу мол қасди шикасти Ислом доранд, вале бидонанд, ки худашон шикаст мехӯранд ва Ислом ба кӯрии чашми онҳо пешрафт хоҳад кард ва ҷовидона хоҳад монд. Воқеан куҷоянд намрудҳо, фиръавнҳо, қорунҳо, абӯҷаҳлҳо, абӯлаҳабҳо, абӯсуфёнҳо ва ...
12- Кофирон ва мунофиқон бидонанд, ки тарафи ҳисоби онҳо Худо аст ва Худо ҳаргиз шикаст нахоҳад хӯрд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст