Худои Мутаол мефармояд:
وَ اسْتَعينُوا بِالصَّبْرِ وَ الصَّلاةِ وَ إِنَّها لَکَبيرَةٌ إِلاَّ عَلَي الْخاشِعينَ
Ва аз сабр ва намоз кӯмак бигиред ва ин кор ҷуз барои хошеъон, гарон ва сангин аст. Бақара/45
Дар ривояте аз Паёмбари Аъзам (с) нақл шуда, ки сабр се навъ аст: 1- сабр дар мусибат. 2- сабр дар маъсият. 3- сабр дар ибодат.
Дар ривоят омада, ки мурод аз “сабр” дар ин оят “рӯза” аст. Рӯза машқи сабр дар баробари хостаҳои нафсонӣ ва шаҳват аст ва иродаи инсонро хеле қавӣ мекунад.
Ҳазрати Закариё (а) ҳам баъд аз дидани саҳнаи ризқи Илоҳӣ барои ҳазрати Марям (с) барои дархости фарзанд ба намоз истод ва ҳанӯз намозаш тамом нашуда буд, ки малоика иҷобати онро барояш мужда оварданд. Оли Имрон/37-39
Дар ривоят мехонем, ки ҳар гоҳ масъалаи муҳимме барои ҳазрати Алӣ (к) рух медод ба намоз меистод ва ин оятро тиловат мекард.
Намози бодиққат инсонро ба ёди қудрати биниҳояти Худо меандозад ва ғайри ӯро ҳар чӣ бошад кӯчак ҷилва медиҳад, меҳри ӯро дар дил зиёд мекунад, рӯҳияи таваккулро қавӣ мекунад ва инсонро аз вобастагиҳои моддӣ раҳо мекунад. Ҳамаи ин осор инсонро дар баробари мушкилот муқовим ва пойдор месозад.
Сабр ва муқовимат калиди тамоми ибодатҳо аст. Фариштагон ба аҳли биҳишт салом мекунанд, аммо на ба хотири намозу ҳаҷ ва закот, балки ба хотири муқовимат ва пойдории онҳо. «Саломун алайкум бимо сабартум» Раъд/24
Сабру зафар ҳар ду дӯстони қадиманд
Бар асари сабр навбати зафар ояд
Ҳар чӣ дар остони Худо изҳори аҷзу бандагӣ бештар кунем, имдодҳои ӯро бештар дарёфт карда бар мушкилот пирӯз хоҳем шуд.
Гар гадо коҳил бувад тақсири соҳибхона нест.
Нақши сабру намоз
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1305