کتاب یاد آور
Худои Мутаол мефармояд:
وَمَا عَلَّمْنَاهُ الشِّعْرَ وَمَا يَنبَغِى لَهُ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرٌ وَقُرْآنٌ مُّبِينٌ
Ва мо ба паёмбар шеър наёмухтем ва сазовори ӯ низ нест. Он чӣ ба ӯ омӯхтем ҷуз зикр ва қуръони равшан нест. Ояти 69 сураи Ёсин
Яке аз тӯҳматҳое, ки ба Паёмбари Аъзам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) меазданд, илова бар соҳир, маҷнун ва коҳин будан, тӯҳмати шоирӣ буд, дар ҳоле, ки
шеър бархоста аз тахайюл ва хаёл аст, бархилофи ваҳй.
шеър бархоста аз авотиф ва эҳсосот аст, бархилофи ваҳй.
шеър омехта бо иғроқ ва зиёдаравӣ аст, бархилофи ваҳй.
Гарчи Қуръон ҷумлаҳои мавзун ва муқаттаъ ҳамчун шеър дорад, аммо унсури аслии шеър, ки хаёл аст, дар Қуръон роҳ надорад.
Қуръони Карим ҷуз зикр нест.
Зикр ва ёди
қудрат ва қаҳри Худо,
лутф ва неъматҳои ӯ
афв ва мағфирати ӯ,
суннатҳо ва қавонини ӯ,
анбиё ва авлиёи ӯ,
таърихҳои пур аз ибрат,
кофирон, гуноҳкорону ситамгарон ва оқибати онон,
ихлосҳо, шуҷоатҳо, инфоқҳо, сабрҳо ва поёни неки он,
офаридаҳои осмонӣ, заминӣ ва дарёӣ,
барзах ва қиёмат ва ҳодисаҳои пеш аз қиёмат
чигунагии саҳнаҳои қиёмат ва хатароти дӯзах ва неъматҳои биҳиштӣ
Тамоми Қуръони Карим ёдоварии ҳақиқати олами ҳастӣ ва вазоиф ва оқибати корҳо аст.
Аз ин ояти шариф меомӯзем:
1- Дар Қуръони Карим сухан аз беарзиш будани шеър нест, балки мегӯяд паёмбар шоир нест.
2- Худованд аз тӯҳмат ба анбиё(а) дифоъ мекунад. Мӯъминон ҳам вазифа доранд аз паёмбарон ва муқаддасоти худ огоҳона ва дуруст дар муқобили тӯҳматҳо ва ҳамлаҳои душманон дифоъ кунанд.
3- Надонистани шеър ба иршоди мубаллиғ ва мӯъмин зарар намезанад.
4- Рушдҳои нобаҷо ва фазоҳои фарҳангии ғалат шуморо дучори дудилӣ ва эҳсоси камбуд накунад. Дар замони Паёмбари Акрам(с) масъалаи шеър ҷойгоҳе беш аз ҳад дошт ва шеъру шоирӣ дар авҷ буд. Ин оят уббуҳати онро шикаст.
5 - Табъи шеър аз сӯи Худованд аст.
6- Муаллими Паёмбари Аъзам(с) Худо аст.
7- Ҳар илме барои ҳар кас сазовор нест.
8- Қуръон бояд хонда шавад ва бо хондан ҳақиқатҳо ёдоварӣ шавад.
9- Қуръон сухани равшан ва қобили фаҳм ва истидлол аст ва узри касе пазируфта нест. Агар бо рӯҳияи ҳақхоҳӣ ва ҳақталабӣ Қуръон хонда шавад ҳама чиз ошкор аст. Касоне ки намепазиранд рӯҳияи якравӣ ва ҳақситезӣ доранд.
10- Бо хондани Қуръон бояд ба ёди сарчашма, ҳақиқат ва поёни ҳастӣ бошем ва бо шинохти вазоиф ба он амал кунем.
Китоби ёдовар
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1276