Худои Мутаол мефармояд:
وَ الَّذينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا اصْرِفْ عَنَّا عَذابَ جَهَنَّمَ إِنَّ عَذابَها کانَ غَراماً إِنَّها ساءَتْ مُسْتَقَرًّا وَ مُقاماً
Ва бандагони Худои Раҳмон касоне ҳастанд, ки мегӯянд: Парвардигорамон, азоби ҷаҳаннамро аз мо бигардон, ки азоби он домангир аст. Дар ҳақиқат дӯзах ҷойгоҳи баде аст. Сураи Фурқон оёти 65 ва 66
Бидонем
Калимаи «ғаром» дар асл ба маънои мусибате аст, ки инсон дар баробари он роҳи гурехтан надорад ва як навъе пойбандӣ бар дӯши ӯ қарор медиҳад, ки дар забони форсӣ ба он товон мегӯянд. (Аттаҳқиқ)
Фикри наҷот аз оташ бояд бо ибодат ва амалҳои шоиста ва бо дуо бошад. Ҳазрати Алӣ (к) вақте молашро дар роҳи Худо мебахшид, дар вақфнома менавишт: Ин амволро вақф кардам, то аз оташи дӯзах дар амон бошам ва оташи дӯзах низ аз ман дӯр бошад. (Тафсири Софӣ, ҷ. 2, саҳ. 104)
Биёмӯзем
1- Шабзиндадорони ҳақиқӣ на танҳо мағрур намешаванд, балки барои наҷот аз дӯзах дуо мекунанд.
2- Ёди қиёмат аз сифатҳои бандагони хосси Худост.
3- Бандагони Худо ҳамеша дуо ва зикри забонашон наҷот аз оташи ҷаҳаннам аст.
4. Дуо навъе тарбият аст, чун роҳи робита бо мураббӣ аст ва қабул шудани дуо ва наҷот аз оташи дӯзах рушд ва нумув аст.
5. Ба ҳеҷ амал ва ибодати Худо муғрур нашавем ва такя накунем, балки раҳоӣ ва наҷотро аз Худо бихоҳем.
6. Ҳамроҳ бо амал дуо кунем.
7. Бандагони хосси Худо, беш аз он ки тамаъи биҳишт дошта бошанд, аз оташи дӯзах хавф доранд.
8. Азоби ҷаҳаннам ҷиддӣ аст ва бояд онро ҷиддӣ бигирем.
9. Сӯхтан дар оташ товони гуноҳон ва нофармонии Худост.
10. Оқил касе аст, ки охирбин бошад на охурбин. Бандагони хосси Худо аз ҳамин ҳоло ба фикри раҳоӣ аз ҷойгоҳи бад ҳастанд. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ.
11. Гирифторӣ дар гуноҳ ва амалҳои бад саранҷоми бад дорад.
Парвардигоро, моро аз бандагони хосси худ ва наҷотёфтагони аз оташи ҷаҳаннам бигардон!
Дуои муҳимми бандагони Раҳмон
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1108