Худои Мутаол дар ояти 26 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
قَالَتْ إِحْدَاهُمَا يَا أَبَتِ اسْتَأْجِرْهُ إِنَّ خَيْرَ مَنِ اسْتَأْجَرْتَ الْقَوِيُّ الْأَمِينُ
Яке аз он ду (духтар хитоб ба падар) гуфт: Эй падарҷон, ӯро ба хидмат бигир, зеро беҳтарин касе аст, ки (метавонӣ) истихдом кунӣ, чун шахси тавоно ва амин аст.
Бояд бидонем:
Ҳазрати Ризо фармуд: Ҳазрати Шуайб(а) аз духтараш пурсид: Чигуна амонатдории ин ҷавонро фаҳмидӣ, ки ӯро амин мехонӣ? Гуфт: Вақте даъвати шуморо ба ӯ расондам, ба ман гуфт: Аз пушти сарам маро роҳнамоӣ кун, то мабодо ба қомати ман чашм бидузад.
Аз ин ояти шарифа меомӯзем:
1.Духтарон низ дар хонавода бар асоси мантиқ ва ҳикмат, ҳаққи пешниҳод доранд ва фарқе бо дигарон надоранд. «قالت احداهما يا ابت استأجره»
2.Робитаи некӯ миёни падару модар ва фарзандон ва озодии баён дар хонавода, як арзиш аст. «يا أبت استأجره»
3.Ҳамаи аъзои хона пешниҳод бидиҳанд, вале тасмими ниҳоӣ бо сарпарасти хонавода аст. «اِستأجره»
4.Занони покдоман ба дунболи онанд, ки камтар аз манзил хориҷ шаванд. «اِستأجره» (Барои корҳои сахт хориҷ аз манзил, аз мард истифода шавад.)
5.Кор, ор нест, авлиёи Худо низ кор мекарданд. «استأجرت»
6.Дар гузинишҳо, ба беҳтаринҳо таваҷҷӯҳ кунем. «خير من استأجرت»
7.Барои истихдом ду шарти тавоноӣ (тахассус) ва амонатдорӣ (тааҳҳуд), лозим аст. «القوىّ الامين»
8.Тавоноиҳо ва амонатдориҳоро бояд дар шароити оддӣ ва бе таваҷҷӯҳи тараф, шиносоӣ кард. «القوىّ الامين» (Ғолиби афрод бо зоҳирсозӣ, тамаллуқ, риёкорӣ мавқеияти худро мепушонанд. Аммо ҳазрати Мусо дар як саҳнаи табиӣ худро нишон дод.)
Пешниҳоди созанда
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1237