Худои Мутаол дар ояти 25 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَجَاءَتْهُ إِحْدَاهُمَا تَمْشِي عَلَى اسْتِحْيَاءٍ قَالَتْ إِنَّ أَبِي يَدْعُوكَ لِيَجْزِيَكَ أَجْرَ مَا سَقَيْتَ لَنَا فَلَمَّا جَاءَهُ وَقَصَّ عَلَيْهِ الْقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفْ نَجَوْتَ مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ
Пас (чизе нагузашт, ки) яке аз он ду (зан), дар ҳоле ки бо ҳаё роҳ мерафт ба назди ӯ (Мусо) омад ва гуфт: Ҳамоно падарам аз шумо даъват мекунад, ки музди ин ки барои мо об додӣ бипардозад. Пас ҳамин ки Мусо ба назди он падари пир (ҳазрати Шуайб) омад ва саргузашти худро барои ӯ бозгӯ кард, ӯ гуфт: Натарс, ту аз (дасти) гурӯҳи ситамкор наҷот ёфтӣ!
Аз оят меомӯзем:
1.Рафту омади зан дар беруни хона бояд бар асоси ҳаё ва иффат бошад.«تمشى على استحياء» (Ҳаё, аз барҷастатарин камолоти зан дар Қуръони Карим мебошад.)
2.Дар даъват мард аз мард ва зан аз зан даъват кунад. «اِنّ أبى يَدعوك»
3.Бе даъват худро меҳмон накунем. «اِنّ أبى يَدعوك»
4.Касе, ки аз домани тоғут бигурезад, ба хонаи паёмбари Худо меҳмон мешавад. «اِنّ أبى يَدعوك»
5.Падар, бояд аз рафтори фарзандони худ огоҳ бошад ва дар муқобили ҳаракоти онон аксуламали муносиб нишон диҳад. «اِنّ أبى يَدعوك» (Шуайб, ки дид духтаронаш зудтар аз рӯзҳои дигар омадаанд, иллатро пурсид ва хост аз Мусо ташаккур кунад.)
6.Ғарибнавозӣ, аз сифоти ошкори паёмбарони Илоҳӣ аст. «يدعوك»
7.Барои хидматҳои мардум арзиш қоил шавем. «ليجزيك»
8.Қасди қурбат бо қадрдонии дигарон зиддияте надорад.«أجر ما سقيت» (Ҳазрати Мусо(а) корро барои ризои Худо анҷом дод, вале ҳазрати Шуайб(а) бо пардохти музд аз заҳамоти ӯ тақдир кард.)
9.Ҳаводисро барои хубрагон ва аҳли тафсир ва таҳлил бозгӯ намоем. «قصّ عليه القصص»
10.Оқибати аҳли имон наҷот аст. «نَجوتَ»
11.Дар канори авлиёи Худо будан, як навъ эҳсоси амният аст. «نَجوتَ»
12.Дуои анбиё мустаҷоб аст.«نجوتَ» Ҳазрати Мусо дуо карда буд «ربّ نجّنى من القوم الظالمين» имрӯз мешунавад: «لاتخف نجوت من القوم الظالمين»
Наҷот аз золимон
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1237