Худои Мутаол дар ояти 22 сураи муборкаи Қасас мефармояд:
وَلَمَّا تَوَجَّهَ تِلْقَاءَ مَدْيَنَ قَالَ عَسَى رَبِّي أَنْ يَهْدِيَنِي سَوَاءَ السَّبِيلِ
Ва чун Мусо ба сӯи Мадян рӯй ниҳод, гуфт: Умед аст, ки Парвардигорам маро ба роҳи рост ҳидоят намояд.
Бояд бидонем:
Мадян шаҳре дар ҷануби Шом ва шимоли Ҳиҷоз ва наздики минтақаи Табук аст, ки дар он замон аз қаламрави ҳукумати Фиръавн, берун буда аст.
Аз ин ояти шарифа меомӯзем:
1.Ҳаракат, ҳиҷрат ва ба коргирии равишҳои гуногун лозимаи зиндагии солеҳон ва муслиҳон аст. «و لمّا توجّه»
2.Аввал ҳаракат сипас дуо кунем ва умедвор бошем. «و لمّا توجّه ... قال عسى ربّى أن يهدين»
3.Ҳамеша ба фикри интихоби наздиктарин ва беҳтарин роҳҳо бошем. «سواء السبيل»
4.Умедворӣ дар ҳама ҳолат писандида аст. «عسى ربّى»
5.Фарозу нишебҳо суннати Илоҳӣ дар роҳи тарбияти инсонҳост. «ولمّا توجّه... قال عسى ربّى»
6.Кори худро бо кӯмак аз Парвардигор оғоз кунем. «و لمّا تَوجّه... قال عسى ربّى ان يَهديَنى»
7.Дар муҳитҳои тоғутзада, ки заминаи инҳироф ва тасмимоти бехирадона фароҳам аст, аз Худованд, ҳидоят бихоҳем. «يَهدِيَنى سواء السبيل»