Моҳи меҳмонии Худо фаро мерасад, эй мӯъминони азиз!
Биёед бо вазифаи худ ва ин моҳи меҳмонӣ ва нуронӣ ошно шавем!
Ба номи Худо
Алҳамду лиллоҳи раббилоламин ва дуруду саломи Худованд бар анбиё ва махсусан хотами онҳо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку мутаҳҳараш ва ёрони ростину муҷоҳиду мухлисаш ва ҳамаи касоне, ки аз онон ба некӯӣ пайравӣ мекунанд.
Бародар ва хоҳари мӯъмин ва муҳтарам, салом!
Яке аз ин панҷ сутуни бобаракати дини мубини Ислом рӯзаи моҳи Рамазон аст, ки мусулмонон тавфиқ доранд ҳар сол як моҳ рӯза бигиранд. Имсол ҳам ин шоа Аллоҳ дар охирҳои моҳи май ин фурсати бандагӣ ва моҳи меҳмонии Худо насиби мусулмонон хоҳад шуд. Умедворем тавфиқи бандагӣ дар ин моҳи пурбаракат дошта бошем. Худои Мутаол рӯзаро дар Қуръони Маҷид бар мӯъминон фарз намудааст. Дар ояти 183 сураи муборакаи Бақара мефармояд:
يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلىَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُون
Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо воҷиб шуд, ҳамонгуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд воҷиб шуд, умед аст, ки парҳезгор шавед.
Дар қисмати аввал дар бораи يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ тавзеҳоте баён шуд. Дар ин қисмат ба баёни كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ мепардозем.
Худои Мутаол баъд аз ин ки мӯъминонро зебо садо зад ва далели хитобро ҳам имон эълом кард маълум шуд, ки мехоҳад вазифаи мӯъминонро ба онҳо бигӯяд. Мӯъминон ҳам огоҳона ва ошиқона омодаи шунидан ва фаҳмидан ва амал кардан ба вазифаи худ шуданд. Ҳоло Худои Мутаол вазифаи онҳоро баён мекунад:
2. Рӯза гирифтан бар шумо воҷиб шуд. كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ
Аз ин қисмати ояти шарифа меомӯзем, ки
1) Аҳком ва таклиф, ки сахтиҳое ҳам бо худ дорад ғайри мустақим гуфта шавад. Ба ҷои ин ки бигӯяд: Воҷиб кардам фармуд навишта шуд.
2) Қавонин бояд мактуб бошанд. Ин навишта будан ҳадди ақал 3 фоида дорад: 1) дар ихтиёри ҳама қарор мегирад, 2) имкони муроҷеа ва ба ёд овардан вуҷуд дорад, 3) сазо ва ҷазои афрод мустанад анҷом мешавад. Дар ривоят мехонем: Илмро бо навиштан ба банд кашед. Касоне, ки барномаи зиндагии худро менависанд муваффақияти бештаре доранд.
3) Қонун бар ӯҳдаи мухотабон ва пазирандагони он масъулият меорад.
4) Баъд аз ин ҳама муқаддамот ҳукм ва вазифа баён мешавад: рӯза гирифтан. Мо ҳам дар баёни вазоиф ва аҳком бояд ин мароҳил ва муқаддамотро дар назар бигирем. Рӯза гирифтан дар соли дувуми ҳиҷрӣ яъне баъд аз 15 сол аз паёмбарии ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) воҷиб шуд.
5) Мӯъмин бояд нафсу шаҳвати худро аз хӯрдан, ошомидан ва наздикӣ бо ҳамсар аз субҳи содиқ -азони бомдод- то ғуруби офтоби –азони шом- нигаҳ дорад. Барномаи хӯроки 3 бори худро ба 2 бор он ҳам шаб тағйир диҳад.
Мӯъминон ин ҷо савол мекунанд, ки Худоё, оё ин аҳком фақат дар давраи мо воҷиб шуд. Собиқа надорад? Оё инсон метавонад аз субҳи содиқ то ғуруби хуршед рӯза бигирад? Махсусан вақте ки ин рӯзҳо дар ҳар замоне фарқ мекунанд, чун тақвими ҳиҷрии қамарӣ мечархад.
Мунтазири ҷавоб ҳастем. Умедворем ва аз Худои Мутаол мехоҳем, ки моро бар анҷоми ин вазифаи имонӣ муваффақ бигардонад.
Идома дорад.
Омодаи меҳмонӣ ҳастед?-2
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1183