Худои Мутаол дар ояти 19 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
فَلَمَّا أَنْ أَرَادَ أَنْ يَبْطِشَ بِالَّذِي هُوَ عَدُوٌّ لَهُمَا قَالَ يَا مُوسَى أَتُرِيدُ أَنْ تَقْتُلَنِي كَمَا قَتَلْتَ نَفْسًا بِالْأَمْسِ إِنْ تُرِيدُ إِلَّا أَنْ تَكُونَ جَبَّارًا فِي الْأَرْضِ وَمَا تُرِيدُ أَنْ تَكُونَ مِنَ الْمُصْلِحِينَ
Пас чун (Мусо) хост ба он касе, ки душмани ҳардуи онҳо буд ҳамла кунад (ва бо ӯ даргир шавад, касе, ки аз тарафдорони Мусо буд) гуфт: Эй Мусо, оё мехоҳӣ маро (ҳам) бикушӣ, ҳамонгуна ки дирӯз инсонеро куштӣ!? Ту ҷуз зургӯӣ дар рӯи замин ҳадафе надорӣ ва намехоҳӣ, ки аз ислоҳгарон бошӣ.
Бояд бидонем:
Калимаи батш «بَطش» ба маънои хашми бо шиддат ва қудрат аст.
Рӯзи гузашта, ки фиръавнӣ ба дасти Мусо (а) кушта шуда буд, касе ғайр аз ҳазрати Мусо(а) ва он тарафдораш хабар надошт. Фиръавниҳо ба дунболи қотил мегаштанд, вале намедонистанд.
Аз ин оят меомӯзем:
1.Танқид аз хилофи дӯстон набояд сабаби раҳо кардан ва ҳимоят накардан аз ҳаққи он шавад. (Бо ин ки ҳазрати Мусо дар ояти гузашта бо ҷумлаи
«اِنّك لَغَوىٌّ مُبين» аз ёри худ танқид кард, вале боз ҳам хост аз ӯ ҳимоят кунад.) «أرادَ أن يَبطش»
2. Дӯстон аз тарси таҳдид асрорро фош мекунанд.
3. Мусо (а) фиръавниёнро душмани худ медонист. عَدُوٌّ لَهُمَا
4. Ҳақ бо ботил созиш намекунад. عَدُوٌّ لَهُمَا
5. Бо душмани зӯргӯ бояд бо забони зӯр бархурд кард. أَرَادَ أَنْ يَبْطِشَ
Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун
Бардор ба оҳан оҳани тофтаро
6. Дар ҳама ҷо насиҳат корсоз ва кофӣ нест. Гоҳе зур ва қудрат лозим аст. «أراد أن يَبطش» («وقار» виқор ба маънои беҳолӣ нест. Ҳазрати Мусо(а) ду рӯзи паёпай даргирии хиёбонӣ дошт.)
7. Бо гуфтор шахсияти худро ошкор мекунед. Ёри Мусо бо ин сухан сирри дирӯзро фош кард. قَالَ يَا مُوسَى
8. Тарсуҳо фақат дигаронро муттаҳам мекунанд. Ёри тарсуи Мусо ба ҳазрат гуфт: Ту қотилӣ, ҷабборӣ ва муслиҳ нестӣ. أَتُرِيدُ أَنْ تَقْتُلَنِي
9. Ёри Мусо аз мушти Мусо хабар дошт ва метарсид. أَتُرِيدُ أَنْ تَقْتُلَنِي
10. Хеле аз асрор аз забони худиҳои тарсу ва саросема фош мешавад ва аҳли ҳақро ба дарди сар меандозад. أَتُرِيدُ أَنْ تَقْتُلَنِي كَمَا قَتَلْتَ نَفْسًا بِالْأَمْسِ
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам
Ки бо ман ҳар чӣ кард он ошно кард
11. Дар низоми истикбории Фиръавн, ки навзодони маъсумро ба қатл мерасонд, Фиръавн Худо хонда мешавад! Вале Мусо, ки бе қасди куштан ба душмани кофир муште мезанад, ки мемирад, ҷаббор гуфта мешавад. «تَكون جبّاراً فى الارض
12. Ҳимоят аз ниёзмандон, маҳрумон ва мазлумон дарди сар дорад. Чӣ басо аз тарафи худи онҳо, вале бояд ба хотири Худо сабр кард ва аз майдон берун нашуд.
13. Касе, ки худ дардисарсози ошкор буд имрӯз дигаронро муттаҳам мекунад.
14. Дар замони сахтӣ шахсияти инсонҳо ошкор мешавад. Аз ҳазрати Мусо (а) ҳимоят ва аз тарафи ёраш туҳмат.
15. Афроди судгарои охурбин зуд хубиҳоро фаромуш мекунанд