Худои Мутаол дар ояти 14 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَاسْتَوَى آَتَيْنَاهُ حُكْمًا وَعِلْمًا وَكَذَلِكَ نَجْزِي الْمُحْسِنِينَ (14)
Чун Мусо неруманд ва комил гардид, ба ӯ ҳикмат ва дониш додем ва мо ингуна некукоронро подош медиҳем.
Бояд бидонем:
“Ашуд” аз шиддат ба маънии неруманд шудан ва “иставо” аз истивоъ ба маънои хилқат ва эътидоли он аст.
Иборати«حُكماً و عِلماً» се бор дар Қуръони Маҷид омада, ки дар ҳама маворид ҳукм бар илм муқаддам шудааст. «حُكم» ба маънои фаҳми дуруст ва қудрат бар доварии дуруст ва илм ба маънои доштани огоҳӣ ва иттилоот аст.
Бояд биёмӯзем:
1.Аввалин шарти пазируфтани масъулият, булуғи ҷисмӣ ва тавони фикрӣ ва рӯҳӣ аст. «و لمّا بَلَغ»
2.Булуғи воқеӣ танҳо ба рушди ҷисму неруи ҷинсӣ нест, балки ба камоли фикру ақл низ вобаста аст.«و لمّا بَلَغ أشدّه و استوى»
3. Худованд ваъдахилофӣ намекунад. Ваъда дод, ки ӯро паёмбар мекунем, кард. «جاعلوه من المرسلين - ولمّا بَلغ... آتيناه»
4.Дарёфти лутфи Илоҳӣ фурсат ва заминаи муносиб мехоҳад. «و لمّا بَلَغ ... آتيناه»
5.Ҳикмат пеш аз илм аст. «حُكماً و علماً»
6.Лутф ба некукорон суннати Илоҳӣ аст. «وكذلك»
7.Подоши некукорон фақат дар охират нест. «و كذلك نجزى المحسنين» Баҳраманд шудани Мусо аз ҳикмат ва дониш подоши илоҳӣ дар баробари эҳсони ӯст.
8. Ҳунар ин аст, ки дар кохи Фиръавн некукор буд. المحسنين
9. Худованд ба муҳсин эҳсон мекунад ва беҳтарин чиз –ҳикмат ва илм-ро ато мекунад. و كذلك نجزى المحسنين
10. Аксари фиръавнӣ намедонанд, вале Мусо(а) бо лутфи Худо доност.
Ҳадяи некукорон
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1270